Филми «Дӯғоб» дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» сазовори диплом гардид

0
179

Филми «Дӯғоб» дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» сазовори диплом гардид

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Кинофестивали ҷаҳонии «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ»  сазовори Диплом гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем,  ки дар фестивали мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми «Дӯғоб» намояндагӣ намуд.

Бояд гуфт, «Дӯғоб» филми 35-дақиқагӣ буда, муҳтавои он дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки дар як деҳаи дурдаст маҳз бо ҳунармандӣ зиндагии худ ва писари хурдсолашро таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯ мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ биёваранд. Аммо бинанда зимни тамошои филм шоҳиди росткорӣ, ишқи пок доштану барои он мубориза бурдани ин зан мегардад.

Коргардони филм Зайнулобиддини Мӯсо, наворбардор Мумин Латифӣ буда,  Ансорӣ  Асадуллозода, Райҳона Раҳимова, Ҳусейни Камолиддин ва Асад Камолов дар он нақш офаридаанд.

Ҳамасола  аз 12 то 15 декабр Кинофестивали  «Қирғизистон- мамлакати  филмҳои кӯтоҳ»  кинематографистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон ба ҳам меорад. Фестивали мазкур ҳар сол ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.

Ин сеюмин фестивал мебошад, ки филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои  «Само» ва «Лолаи тиллоӣ» дар он иштирок карда, соҳиби диплом гардид.

Филми «Дӯғоб» дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» сазовори диплом гардид

Источник: khovar.tj