ФФТ: Ба дастаҳои футболи лигаи олӣ либоси варзишӣ тақдим гардид

0
60

ФФТ: Ба дастаҳои футболи лигаи олӣ либоси варзишӣ тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷонибаи клубҳои лигаи олии мамлакатро идома медиҳанд. Пеш аз оғози бозиҳои чемпионат, ҳамаи дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон барои ҳайатҳои асосӣ ва захиравияшон либоси варзишӣ гирифтанд. Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Ҳамзамон, ранги анъанавии либоси бозикунони дастаҳо ба инобат гирифта шуд. Ба маҷмӯи либоси варзишӣ, ки бо назардошти ранги он ҳам барои ҳайати асосӣ ва ҳам барои ҳайати ҷавонон таҳия шудаст, инчунин пойафзол, шортҳои кӯтоҳдомани бермуд, сарулибоси тамринӣ, пиджакҳо, кроссовкаҳо, сумкаҳои варзишӣ ва дигар лавозимоти зарурии бозии футбол дохил шудааст. Бояд қайд кард, ки тамоми таҷҳизоти варзишии мазкур истеҳсоли ширкати испании «Joma» мебошад. Ғайр аз ин, ба ҳамаи дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон тӯбҳои хушсифати футболбозӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври панҷуми  чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол  миёни дастаҳои Лигаи олӣ 16 июни соли равон дубора оғоз мешаванд. Тавре қаблан хабар дода будем, Федератсияи футболи Тоҷикистон ба идомаи баргузории бозиҳо дар мавсими нав иҷозат дода буд. Қобили зикр аст, ки чемпионати кишвар бинобар сабаби авҷи бемории коронавирус охирҳои моҳи апрел ба таъхир гузошта шуда буд.

Ҳамакнун, бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳар даста то охири мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5 — ум

16-уми июн, сешанбе

 Оғози бозиҳо соати 17:30

«КМВА» – «Файзканд»

«Истаравшан» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

 17-уми июн, чоршанбе

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Хатлон» – «Душанбе-83»

«Куктош» – «Локомотив»

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 17-3 10
2 «Хатлон» (Бохтар) 4 3 1 0 10-7 10
3 «Файзканд» (Восеъ) 4 2 2 0 7-5 8
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 8-6 7
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 1 2 1 5-7 5
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 1 2 7-6 4
7 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 4 1 1 2 6-8 4
8 «Душанбе-83» (Душанбе) 4 1 1 2 2-9 4
9 ССКА (Душанбе) 4 1 0 3 5-8 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 4 0 0 4 3-11 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») – 4 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Источник: khovar.tj