Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба варзишгарони ноҳияи Рӯшон либос ва лавозимоти варзишӣ туҳфа намуд

0
195

Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба варзишгарони ноҳияи Рӯшон либос ва лавозимоти варзишӣ туҳфа намуд

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи  дзюдои ҷумҳурӣ ба толори варзишии ноҳияи Рӯшон гилеми махсуси гӯштин ва ба 30 нафар варзишгар либоси варзишӣ (кимано) тақдим кард.

Зимни тақдими ин туҳфаҳо собиқадори соҳаи варзиш, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ аз намуди гӯштини миллӣ ва самбо Сангалӣ Наврузбеков, ки синнаш ба 75 расидааст, чунин изҳор дошт: «Ҳукумати мамлакат воқеан ба тарбияи ҷисмонии кӯдакону наврасон ва ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва аз онҳо танҳо хоҳиш дорад, ки вақтҳои холигии худро ба варзиш бахшанд. Дар муқоиса ба даврони мо шароити имрӯза аз замин то осмон фарқ мекунад. Он  замон мо на толор доштему на майдончаву либосҳои варзишӣ. Гоҳе рӯи сабза ва гоҳе дар соҳили дарё, рӯи қум тамрин мекардем. Аммо ба гӯштин шавқи зиёд доштем ва яке аз сабабҳои дастболо гаштани мо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он маҳз ҳамин буд. Ҳар як кумакро қадр кунед, толору либосҳои варзиширо тозаву озода нигоҳ доред, то баъд аз шумо низ дар ин ҷо наслҳои оянда бароҳат тамрин кунанд».

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  ноҳияи мазкур Қаландар Давлатмамадов ба Кумитаи олимпӣ ва Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ барои кумак ва дастгирии пайвастаи соҳаи варзиш изҳори сипос карда, зикр намуд, ки ҳоло дар маркази ноҳия сохтмони варзишгоҳи муосир идома дорад. Қарор аст он то тирамоҳи соли равон  ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин мавсуф дар ҳузури варзишгарон изҳор дошт, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар маркази ноҳия аз намудҳои гӯштини миллӣ ва дзюдо мусобиқаи вилоятӣ  баргузор шуда,  паҳлавонон даъват карда мешаванд.

Источник: khovar.tj