Фавти як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: омори ҷадид барои як рӯз

0
70

Фавти як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: омори ҷадид барои як рӯз

Шабонарӯзи гузашта бар асари маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон як бемор ҷон бохт. Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониён ба 50 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik.Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёфтагони маризии сироятии коронавирус барои шабонарӯзи ахирро нашр намудааст.

Бар тибқи маълумоте, ки вазорати тандурустӣ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, шабонарӯзи гузашта бар асари ин маризӣ як бемор ҷони худро аз даст дод.

Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии қурбониёни ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 50 нафар баробар шуд.

“То соати 17:30 дақиқаи 13 июн  дар Тоҷикистон 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%)   нафар шифо ёфтаанд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, то 13 – уми июн дар мамлакат 661 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 130 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Источник: sputnik-tj.com