Фавти “генерали тиб”: даргузашти аввалин пизишк дар “Якум Советски”

0
267

Фавти "генерали тиб": даргузашти аввалин пизишк дар "Якум Советски"

Имруз, Абдуфаттоҳ Солиев, аввалин пизишки тоҷик аз пневмония ё илтиҳоби шуш дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советски” дар Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Манбаъи дар таъйиди ин хабар гуфт, Абдуфаттоҳ Солиев, номзади илми тиб, мудири Шуъбаи марказии ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ, ҳамзамон мудири кафедраи бемориҳои дарунии факултети тиббии ДМТ буд.

“Ӯ рӯзи душанбе пас аз бад шудани вазъи саломатиаш ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов интиқол ёфт. Дигар вазъаш беҳбуд наёфт. Таҳти оксигенератор ва сипас дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ қарор дошт. Имрӯз бегоҳ ҷон ба ҷаббор супурд. Ӯ яке аз мутахассисони беҳтарини кишвар ва дар соҳаи худ ба масобаи як генерал буд”, – гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Источник: sputnik-tj.com