Фавти боз ду нафар аз пневмония дар Суғд: яке адвокату дигаре бознишаста

0
154

Фавти боз ду нафар аз пневмония дар Суғд: яке адвокату дигаре бознишаста

Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегуяд, дар пайи хуруҷи бемории шадиди илтиҳоби шуш ё пневмония ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Бино ба гуфти Аҳрор Акбаров, муттахассиси пешбари Раёсати тандурустии вилояти Суғд, аз хуруҷи бемории шадиди илтиҳоби шуш, субҳи имрӯз Комил Ибодуллозодаи 39 сола , сокини ҷамоати Ғулакандоз фавтид.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта ҳам айни ин беморӣ боиси фавти Ҳайитбой Солихӯҷаеви 65 сола,  сокини ҷамоати Деҳмойи ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Ибодуллозода ба сифати адвокат кор мекард ва Солихӯҷаев нафақӯр буду даврони бознишастагӣ меронд.

Дар мақомоти минтақавии Коллегияи адвокатҳои Суғд ҳам марги адвокат Ибодуллозодаро тасдиқ карда гуфтанд, ки имрӯз маросими ҷанозааш баргузор шудааст.

Манобеъ гуфтанд, ки Ибодуллозода як муддат минҳайси коргузор дар суди ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов кор карда, чаҳор соли охир, ҳамчун узви мақомоти минтақавии Коллегияи адвокатҳои Суғд, ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон машғул буд.

“Чор рӯз боз аз беморӣ ранҷ мекашид. Дар баробари ба бемористон интиқол ёфтан, духтурон ҳама талошро карданд, ҳатто дастгоҳи нафаскашӣ (Оксгенератор) ро насб карданд, вале аз хуруҷи бемории илтиҳоби шуд ва кори дил ҳам таъсир кардааст ва аз ҳисоб аз беморӣ наҷот наёфт”, гуфт Акбаров.

Ин масъули Раёсати тандурустӣ мегуяд, фавти сокинон бар асари бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи бемории илтиҳоби шуш, набояд сокинонро ба шубҳаву гумонҳо аз сирояти бемории коронавирус барад.

Ӯ гуфт, дар ҳудуди вилояти Суғд бемории вируси корона ё COVID- 19 ба қайд гирифта нашудааст. Қаблан Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ҳам гуфта буд, ки бар пояи оморе, ки онҳо ҳамасола мураттаб мекунанд, дар бемористонҳои ҳудуди вилоят бештар аз 1590 мавриди фавти сокинон ба қайд гирифта мешавад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар як сол дар муассисаҳои тандурустии вилоят, то 1595 нафар мефавтанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 4 ҳодисаи рост меояд. Аз ҳисоби илтиҳоби роҳи болоии нафас қариб дар ду рӯз як фавт рост меояд. Аз ҳисоби бемориҳои фишорбаландӣ бошад, қариб ҳар рӯз як ҳолати фавт ба қайд гирифта мешавад”, – иброз намуд Ҳоҷибоев.

Масъулони Раёсати тандурустии Суғд мегуянд, табобати бемории илтиҳоби шуш ё пневмония имконпазир аст дар ҳоле, ки агар ин беморӣ дар шахс то ба дараҷаи шадид хуруҷ накарда бошад. “Муроҷиати саривақтии сокинон аз роҳҳои муҳими пешгирӣ ва табобати саривақтии ин беморӣ арзёбӣ мекунанд”.

Источник: sputnik-tj.com