Фатҳулло Фатҳуллоев ба дастаи футболи «Хуҷанд» гузашт

0
180

Фатҳулло Фатҳуллоев  ба дастаи  футболи  «Хуҷанд» гузашт

ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Собиқ ниммуҳофизатгари дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Бухоро»-и Ӯзбекистон Фатҳулло Фатҳуллоев ба дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд гузашт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, Фатҳулло Фатҳуллоев тӯли фаъолияти пурсамари хеш дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и  Душанбе 7 карат Чемпиони Тоҷикистон, 6 карат барандаи Ҷоми Тоҷикистон, 7 маротиба ҷоизадори Шоҳҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон 70 бозӣ доир намуда, дар онҳо 10 тӯб задааст.

Источник: khovar.tj