Сарояндаи маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори намозгузории духтарашро нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Фарзонаи Хуршед овозхони саршиноси тоҷик духтари примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова дар саҳифааш дар Instagram навори намозгузории духтараш – Закияро нашр кардааст.
Фарзона аз ин амали духтарчааш бисёр шод шудааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Аз навор дида мешавад, чигуна Закия намоз мегузорад. Ӯ дар сар рӯймоли калон ва дар рӯи ҷойнамоз калимаҳоеро талаффуз мекунад.
“Алҳамдулиллоҳ. Ба ҳар калимаи Аллоҳ гуфтани фарзандам баданам меларзад. Алҳамдулиллоҳ, ки Аллоҳ ин рӯзҳоро насиби ман кардааст”, – навиштааст Фарзона.
Аксари ҳамвандони сарояндаи тоҷик аз ин амали духтараш истиқбол карда, ӯро васф намудаанд.
“Мошоаллоҳ, Офарин”,- навиштааст корбаре.
Дигаре гуфтааст “Худо Закияҷонро ба роҳи рост ҳидоят кунад”, – таманно кардааст дигаре.
Ёдрас мешавем, ки овозхонони саршиноси тоҷик гашту гузорашонро дар “Порис” – и шаҳри Кӯлоб дар саҳифаашон нашр карда буданд.
Источник: sputnik-tj.com