Фаррух Ҳамрализода: Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳама бештар сармоягузорӣ мекунад

0
251

Фаррух Ҳамрализода: Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳама бештар сармоягузорӣ мекунад

ДУШПАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯи ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2019 пешсаф аст. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад «Спутник».

Дар маҷмӯъ, соли гузашта ба ҷумҳурӣ 346 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018 6% зиёд аст,-гуфт номбурда.

«Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сармоягузорӣ пешсаф аст. Ҳаҷми умумии сармоягузории Чин соли 2019 262,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», — гуфт Ф. Ҳамрализода.

Ҳаҷми воридоти сармоягузории мустақими Россия ба 33,1 миллион доллар баробар шуда, Британияи Кабир ба Тоҷикистон тақрибан 13,9 миллион доллар ва сармоягузорони туркӣ 13,5 миллион доллар ворид кардаанд.

Фаррух Ҳамрализода иброз дошт, ки соли 2019 ҳафт созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи 247,6 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Татбиқи лоиҳаҳо таъсиси ҳашт корхонаи нави истеҳсолиро пешбинӣ мекунад.

«Имрӯз дар Тоҷикистон 65 лоиҳа татбиқ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 3,3 миллиард доллар аст. Аз ин 16,9 миллиард доллар маблағҳои қарзӣ мебошанд», — илова намуд раиси Кумита.

Ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаҳо тақрибан 1,4 миллиард сомонӣ (150 миллион доллар) буда, 190,7 миллион сомонӣ (19 миллион доллар) аз дигар сарчашмаҳост.

Источник: khovar.tj