ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№41
АБДУЛЛОЗОДА Ҷамолиддин Абдулло
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд |
09.12.1966 |
Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара |
|
Миллат |
тоҷик |
Таҳсилот олӣ
|
|
соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст |
|||
Ихтисос |
кори табобатӣ |
||
Унвони илмӣ доктори илмҳои тиб, профессор |
|||
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ |
|||
Вакили Маҷлиси вакилони халқҳаст ё не вакили халқии ноҳияи Шоҳмансур |
|||
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Медали “Шафқат” (соли 2009), Унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2015) |
|||
Вазъи оилавӣ оиладор |
|||
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1989 – 1990 |
табиб-интернаи шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 1990 – 1992 |
табиби ҷарроҳи Дармонгоҳи №7 назди Беморхонаи клиникии шаҳрии №2, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 1992 – 1998 |
табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 1998 – 2008 |
мудири шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 2008 – 2014 |
директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 2014 – 2017 |
директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ, шаҳри Душанбе
|
Солҳои 2017-2020
05.11 соли 2020 |
директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол, шаҳри Душанбе
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
03.11 соли 2020 |
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Источник: president.tj