Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Кабир Шералӣ

0
269

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Кабир Шералӣ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Кабир Шералӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Кабир Шералӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№40

 

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Кабир Шералӣ КАБИР  Шералӣ

 

аз 3 ноябри соли 2020  дар вазифаи  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   22 ноябри соли 1971      Ҷои таваллуд   ноҳияи Дарвоз

Миллат     тоҷик                                         Маълумот      олӣ

соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия,

соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос  иқтисодчӣ-менеҷер, иқтисодчӣ,

Унвони илмӣ    номзади илмҳои иқтисодӣ   

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не

Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд        

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1993-1994

Ҷонишини директори ҶС «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе

Солҳои 1994-1998

Ноиби Президент оиди тиҷорати ҶС «Тенис», шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2000

Мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2003

Сардори Раёсати  савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2003-2004

Сардори Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2005

Ҷонишини Раиси ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2015

Муовини якуми директори КВД «Ширкати Алюминии Тоҷикистон», шаҳри Турсунзода

Солҳои 2015-2020

Раиси Шурои директорони КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик», шаҳри Турсунзода

03-11 соли 2020

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Источник: president.tj