ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири рушди иқтисод
ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Завқизода З.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Завқизода Завқӣ Амин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№39
ЗАВҚИЗОДА Завқӣ Амин
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 17 майи соли 1972 Ҷои таваллуд ноҳияи Шӯрообод
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
соли 2001 Донишгоҳи миллии Австралия (магистри рушди иқтисодӣ),
соли 2006 Донишгоҳи миллии Австралия (доктори илмҳои иқтисодӣ)
Ихтисос баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ ,
магистри рушди иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2016 Медали хизмати шоиста
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1989-1990 |
Боғбон ва сохтмончии совхози Шамсиддин Шоҳин, ноҳияи Шӯрообод |
Солҳои 1990-1995 |
Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1995-1996 |
Иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи методологияи Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1996-1997 |
Иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-2002 |
Сариқтисодчӣ, сардори шӯъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи монетарии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1999-2001 |
Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Австралия |
Солҳои 2003-2006 |
Докторант ва муаллими Донишгоҳи миллии Австралия |
Солҳои 2006-2007 |
Муовини Сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2011 |
Мушовири Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмиллалии Асъор (Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкур) |
Солҳои 2011-2014 |
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ |
Солҳои 2014-2017 |
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ |
Солҳои 2017-2020 |
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
01-11 соли 2020 |
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
03-11 соли 2020
|
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Источник: president.tj