Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шералӣ Мирзо

0
191

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шералӣ Мирзо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шералӣ Мирзо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Шералӣ Мирзо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№37

 

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шералӣ Мирзо

ШЕРАЛИ Мирзо      

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   24 майи соли 1967       Ҷои таваллуд  ноҳияи  Ҳамадонӣ        

Миллат   тоҷик                                         Маълумот    олӣ

соли 1989  Омӯзишгоҳи олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисии ба номи маршал В.И. Чуйков, шаҳри Перми Федератсияи Россия,

соли 2004 Академияи умумиқушунии ҚМ ФР-ро хатм кардааст

Ихтисос     идораи қисмҳои ҳарбӣ ва қӯшунҳо

Рутба      генерал-майор (2005), генерал-лейтенант (2011), генерал-полковник

Кадом забонҳои хориҷиро медонад        русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   нест 

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 1998 ордени «Шараф», соли 1999 бо ордени «Спитамен», соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон», соли 2013 ордени Заринтоҷ дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1989

Курсанти Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии Фармондеҳӣ-муҳандисии ба номи маршал В.И. Чуйков, шаҳри Перми ФР

Солҳои 1989-1991

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС вилояти Астрахани Федератсияи Россия

Солҳои 1991-1993

Ёрдамчии сардори техникӣ-истифодабарӣ оиди кор бо ҳайати шахсии қисми низомии 33782 шаҳри Перми Федератсияи Россия

Солҳои 1994-1995

Афсари калони шӯъбаи тайёрии умумиқушунии Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1997

Командири баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Восеъ

Солҳои 1997-2002

Командири бригадаи якуми тирандозии қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Восеъ

Солҳои 2002-2004

Шунавандаи Академияи умумиқушунии қувваҳои мусаллаҳи  Федератсияи Россия, шаҳри Москва

Солҳои 2004-2005

Сардори ситод – ҷонишини якуми Фармондеҳи қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2006

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард,  шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2007

Муовини аввали Раис – Сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солхои 2007-2013

Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2020

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

03.11 соли 2020

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Источник: president.tj