Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

0
288

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 49 ва 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин карда шаванд:

Раҳимӣ Фарҳод – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
Дӯстзода Ҳасан Тағдир – раиси ноҳияи Нуробод;
Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;
Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2020
№1519

Источник: president.tj