ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
таъин намудани Азиззода Т.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1398
Источник: president.tj