Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

0
74

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи
ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
даъвати шашум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 6 сентябри соли 2021 соати 10:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
2. Ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 августи соли 2021
№245

Источник: president.tj