Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

0
128

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон даъвати панҷум

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 24 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:
1. Дар бораи додани ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ».

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
23 январи соли 2020
№1417

Источник: president.tj