Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

0
105

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи гузаронидани интихоботи
машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 14 феврали соли 2023 гузаронида шавад.
2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 фармони мазкур гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 январи соли 2023
№522

Источник: president.tj