ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва
ташкилотҳои байналмилалии дигар дар Женева
таъин намудани Шерализода Ш.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шерализода Шараф Аҳмадҷон ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналмилалии дигар дар Женева таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
12 июли соли 2023
№602
Источник: president.tj