Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

0
7

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми
ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 24 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
2. Ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
— тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
— интихоб ва бозхонди раисони кумитаҳо ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№421

Источник: president.tj