ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ перомуни Паёми Пешвои миллат

0
95

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ.   Мулоҳизаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ   перомуни Паёми Пешвои миллат

ДУШАНБЕ, 23.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Раванди ҷаҳонишавӣ мушкилоти гуногунеро эҷод месозад, ки махсусан ба кишварҳои миллӣ барои аз байн бурдани фарҳанг ва арзишҳо таҳдид мекунад. Дар чунин шароит ҳифзи забон, маданият, таърих ва фарҳанги миллӣ басо душвор ва масъулиятталаб аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо гузашти замон ва зери таъсири таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ қарор гирифтан, бархе аз забонҳо, фарҳангҳо ва ҳатто миллату халқият аз байн рафтаанд. Барои мамлакати мо, ки дар раванди рушди давлатдории миллӣ қарор дорад, эҳтиром гузоштан ва ҳифзи арзишҳо ва фарҳанги миллии аз ниёгони сарбаландамон ба меросмонда ниҳоят муҳим мебошад», —  иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисттон.

Дар идомаи суҳбат мавсуф чунин изҳори андеша намуд:

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ.   Мулоҳизаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ   перомуни Паёми Пешвои миллатПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши таърихи миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллиро муҳим арзёбӣ намуда, фармудаанд:

«Бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз наслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад».

Дар ҷомеаи мо тарбияи ҷавонон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ ва эмин нигоҳ доштани  мафкураи онҳо аз ақидаҳои бегонаю иртиҷоӣ ҳанӯз ҳам масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Пайвастани бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, тақлид ба фарҳанги ба миллати мо бегона ва рӯ гардонидан аз арзишҳои худӣ далели гуфтаҳои боло мебошад. Саволи асосӣ ин аст, ки чаро чунин падидаҳо вуҷуд доранд ва чӣ бояд кард?

Агар хоҳем, ки мушкилоти мавҷударо дар ҷомеа бартараф созем, пеш аз ҳама, бояд сарчашмаҳои асосии ин мушкилотро пайдо карда, бо он мубориза барем.

Маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир унсурҳои бегона тавассути техналогияи иттилоотӣ ба фарҳанги миллӣ ворид мешаванд. Имрӯз рушду инкишофи босуръати техника ва технологияи муосир имкон медиҳад, ки дилхоҳ маълумот, падидаҳо, равандҳо ва омилҳои ба тафаккури ҷомеа таъсиррасон бидуни мамониат  паҳн гарданд. Аз ин рӯ, пешбинӣ ва дарки пайомадҳои манфии ин падидаҳо вазифаи ҳар як ҷавони соҳибмаърифат аст.

Надонистани таърихи давлату миллат ва огоҳ набудан аз арзишҳои бузурги миллӣ низ яке аз  сабабҳои  рӯоварӣ ба фарҳанги бегона  мебошад.

Аз ин ҷост, ки омӯзондани арзишҳои миллӣ ва  талқин намудани ҳисси худшиносии миллию ғурури ватандорӣ барои насли наврасу ҷавон, ҳадафи асосии на танҳо давлату ҳукумат, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиёну донишмандон ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Маҳз дар асоси дарки амиқи таъриху арзишҳои миллӣ ва саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони миллат ҳисси ватандорию ғурури миллӣ баланд мегардад. Дар роҳи таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ аз тамоми воситаҳо бояд истифода кард. Махсусан нақши мактаб, муассисоти олӣ, театр, филмҳо, воситаҳои муосири иттилоотрасон,  китобу мақолаҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои  ҷавонон хеле бузург арзёбӣ мегардад.

Миллати тоҷик таърихи бениҳоят ғанӣ дошта, кайҳо боз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати миллати тамаддунофару бофарҳанг эътироф гардидааст. Дар тӯли таърихи мавҷудияти миллат, китобу асарҳо эҷод шудаанд, ки аз ҳувият, фарҳанг ва маърифати тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Дар робита ба ин масъала яке аз вазифаҳои асосӣ, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола ба он таъкид доштанд, ин ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар мебошад.  Шароити замони муосир тақозо менамояд, ки осори бузургон, хусусан осори таърихии миллати мо ба забонҳои хориҷӣ бештар тарҷума гардида, дар сомонаҳои интернетӣ низ пешкаши истифодабарандагон гарданд.

Инчунин аз саргузашти бузургони миллат, дастовардҳои давлатдории қадим ва асрҳои миёна филмҳо сохта шаванд. Бо ин восита метавонем арзишҳо ва фарҳанги миллии худро барои насли наврасу ҷавони кишвар талқин намоем.

Маҳз бо ин усул мо метавонем дар дили насли наврасу ҷавони мамлакат меҳри ватандорию ғурури миллиро таҳким бахшем ва онҳоро дар роҳи дарки ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ниёгон роҳнамоӣ созем, то ба ҳимояи манфиатҳои миллату давлат қодир бошанд.

Источник: khovar.tj