Фаъолони ҲХДТ аз НБО «Роғун» боздид намуданд

0
147

Фаъолони  ҲХДТ аз НБО «Роғун» боздид намуданд

ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва дастуру супоришҳои роҳбарияти кумиҷроияи вилоятии ҳизб 4 ноябр фаъолони ҳизб бо сарварии раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ, ҳамчунин рӯзноманигорону нависандагон, кормандони иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳаллӣ дар вилояти Суғд аз ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан карданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ  сардори Раёсати назорати техникии ҶСК НБО «Роғун» Миралӣ Аҳмадов зикр намуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар агрегати сеюми неругоҳ бо маром идома дошта, беш аз 17 ҳазор нафар сохтмончиён дар он фаъолияти бонизом доранд. Зикр  карда шуд, ки иқтидори лоиҳавии НБО «Роғун» 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ ҳосил намояд.

Дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ аз ҷараёни сарбандҳо, нақбҳои обгузар, толори Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан карданд.

Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО “Роғун” истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.

Дар мулоқот бо аъзои фаъоли ҲХДТ бо сохтмончиён  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ сохтмончиёнро бо рӯзи қабули Конститутсия табрик намуда, баён дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлол ҷиҳати некуаҳволии мардуми мамлакат ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сўйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср- лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – НБО “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, кунун самараҳои аввалини он бор меоваранд.

 

Источник: khovar.tj