Фаъолияти тарабхонаи «Абрикол»-шаҳри Душанбе муваққатан манъ карда шуд

0
198

Фаъолияти тарабхонаи «Абрикол»-шаҳри Душанбе  муваққатан манъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бинобар риоя накардани  Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2009  вобаста ба реҷаи кории муқарраршуда нисбат ба  роҳбари тарабхонаи «Абрикол», воқеъ дар кӯчаи А.Ғуломови ноҳияи Синои пойтахт бо дастрасии моддаи 462, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти ин марказ муваққатан манъ карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   сокини шаҳри Душанбе, собиқ хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» Эраҷ Холов 14 феврали соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ  ба Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки чандин маротиба ба телефони боварии Вазир бо шумораи 221-21-21 занг зада, оид ба фаъолияти шабонарӯзии тарабхонаи «Абрикол» шикоят намудааст.

Санҷишҳо нишон дод, ки дар ҳақиқат муроҷиати Э.Холов қаблан ба қайд гирифта шуда, нисбат ба  маъмурияти тарабхонаи «Абрикол» ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида, оид  ба  риоя кардани реҷаи корӣ огоҳонида шудаанд. Вале маъмурияти тарабхона чора надида, ин кирдорҳоро идома додаанд.

Источник: khovar.tj