Ёвон: Дар арафаи Рӯзи Модар занони куҳансолро аёдат намуданд

0
126

Ёвон: Дар арафаи Рӯзи Модар занони куҳансолро аёдат намуданд

ЁВОН, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови шаҳраки Ёвон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он собиқ муовинони раиси ноҳияи Ёвон Тоҷинисо Худойбердиева, Тоҷинисо Шарифова ва Зумрад Умматзода, занони собиқадору роҳбар, хизматчиёни давлатӣ, духтарони муваффақу фаъол, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода дар ин ҳамоиши идона хидматҳои шоистаи занони собиқадорро дар рушду нумӯи диёр васф намуда,  нақши арзандаи бонувони роҳбар, ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар самти пешрафти ноҳия лоиқи таҳсин хонд ва ба  занони собиқадору бонувони фаъол ва  аҳли ҳамоиш туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Зикр гардид, ки модарону хоҳарони азизи ноҳияи Ёвон  минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу  соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамчунин  дар арафаи Рӯзи Модар  роҳбарияти ноҳия занони собиқадор ва куҳансоли ноҳия, аз ҷумла як нафар ҳамсари иштирокчии ҶБВ ва се нафар занони аз 100-сола болоро аёдат ва ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори осуда таманно намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Источник: khovar.tj