ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД! Дар Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 351 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

0
95

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД! Дар Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ  351 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бахшида ба 75-солагии  Ғалаба бар фашизм ҷиҳати  ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-ии солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда  аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе  351100  сомонӣ ҷудо намуд. Дар ин бора дирӯз, 5 май, қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.  

Гуфта мешавад, ки  ба ҳар кадом иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба андозаи  1500 сомонӣ, ба шахсони дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ   сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар ин солҳо  кор кардаанд, ҳамчунин маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадом ба андозаи 800   сомонӣ  дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ масъулинро  вазифадор намудаанд, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба сокинони пойтахт — иштирокчиёну  маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон  бо тантана на дертар аз 7 майи соли  равон  супоранд.

Источник: khovar.tj