Душанбе — мизбони Фестивали 7-уми филмҳои полшагии «Висла»

0
138

Душанбе — мизбони Фестивали 7-уми филмҳои полшагии «Висла»

ДУШАНБЕ, 11.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 8 то 14 ноябр шаҳри Душанбе мизбони 7-умин фестивали филмҳои полшагии «Висла» мегардад.

Дар доираи ин фестивал имрӯз, 11 ноябр, соати 16:00, дар толори  Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”, воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе филмҳои кӯтоҳметражи  истеҳсоли донишҷӯёни полшагӣ  «Охирин муштарӣ», «Ман ҳам чизе барои ту дорам» ва «Элизабет» манзури тамошобинон мегарданд. 12 ноябр, соати 16:00, дар толори “Тоҷикфилм” филми “Мисли сагу гурба” намоиш дода мешавад. Ин филми охирини Януш Кадратюк мебошад. Филми мазкур дар бораи муносибатҳои як оилаи ғайримуқаррарӣ қисса мекунад.

13 ноябр, соати 16:00, таҳти унвони “Бурҷ. Рӯзи равшан” дебюти умедбахши Ягод Шелтс манзури бинандагони тоҷик мегардад. Каме дар бораи ин филм: Муля бо шавҳараш, модари бемор ва духтараш Нина дар деҳа зиндагӣ мекунад. Дар рӯзҳои истироҳат ба хонаи онҳо бародар бо аҳли оилааш ва Кая-хоҳари хурдии Мул, ки шаш сол пеш гум шуда буд, меҳмон мешаванд. Идомаи филмро шумо метавонед дар ин рӯз тамошо кунед.

14 ноябр, соати 17:00,  филм бо номи “Бахшиш” аз коргардон Яна Якуба Колско, ки  ба воқеаҳои пас аз ҷангии Полша бахшида шудааст, намоиш дода мешавад. Муҳтавои филм чунин аст: Писари Ҳанна ва Яъқуб тирамоҳи соли 1946 аз тарафи мақомоти амниятии Полша парронда шуд. Волидайн қарор медиҳанд, ки ӯро бо эҳтиром дафн кунанд…

 Ёдовар мешавем, ки Фестивали 7-уми филмҳои полшагии «Висла» 8 ноябр бо филми «Эскадриляи 303. Достони воқеӣ» оғоз гардида буд. Филми мазкур ҳуҷҷатӣ буда, дар бораи сарнавишти як сарнишини ҳавопаймо нақл мекунад.

Бояд гуфт, ки Полша дар Аврупо аз ҷиҳати истеҳсоли филм дар радифи Германия, Британияи Кабир ва Франсия қарор мегирад.

Ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, кинематографистони полшагӣ барои тамошобини тоҷик беш аз 8 филми гуногунжанрро армуғон овардаанд.

Источник: khovar.tj