Дурнамои кишти тирамоҳӣ дар ноҳияи Темурмалик ба 100 фоиз баробар шудааст

0
215

Дурнамои кишти тирамоҳӣ дар ноҳияи Темурмалик ба 100 фоиз баробар шудааст

ТЕМУРМАЛИК, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалик кишти тирамоҳӣ идома дошта, то ин муддат хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ дар майдони 7 ҳазору 966  гектар кишт гузаронидаанд, ки ба 100 фоизи дурнамо баробар мебошад.

Тавре сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳияи Темурмалик Юсуф Авазов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  айни замон кишоварзон заминҳои дигарро барои кишти баҳорӣ омода месозанд.  Деҳконони  ноҳия  бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ тамоми техникаи хоҷагиро ба саҳро бароварда, заминҳоро кишт менамоянд. Дар ин ноҳия аксари заминҳои корам лалмӣ буда, дар талу теппаҳо ҷойгир мебошанд. Ба ин хотир кӯшиш менамоянд, ки кишти ғалладонагиро дар фасли тирамоҳу аввали зимистон анҷом диҳанд.

Ба иттилои Юсуф Авазов,  дар Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик хоҷагии тухмипарварии ба номи Ҷалолиддини Румӣ хоҷагии калонтарин ба шумор рафта, ҳамасола дигар хоҷагиҳои ноҳия ва минтақаи Кӯлобро бо тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлим мусоид таъмин менамояд. Имсол низ бо ҷалби техника ва мошинолот дар муддати 15 рӯз кишти тирамоҳиро анҷом доданд. Хоҷагидорон бо тавсияи мутахассисони соҳа аксари заминҳоро баъди дарави ғалла дар фасли тобистон шудгор намуда буданд ва ба гуфти онҳо, ин тадбир ҳашароти зараррасону алафҳои бегонаро нобуд месозад.

Ба иттилои кормандони шуъбаи кишоварзӣ, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия хочагиҳои деҳқонию инфиродӣ кишти тирамоҳии ғалладонагиро ба анҷом расонида, заминҳои боқимондаро барои кишти баҳорӣ шудгор карда истодаанд.

Источник: khovar.tj