Духтарони волейболбози ВМКБ қаҳрамони Тоҷикистон шуданд – аксҳо

0
120

Духтарони волейболбози ВМКБ қаҳрамони Тоҷикистон шуданд - аксҳо

Варзишгарони дастаи якачини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намуди волейбол қаҳрамони Тоҷикистон шуданд

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Тоҷикистон аз намуди волейбол ҷамъбаст гардид.

Бино ба гузориши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, ин сабқат аз 20 то 24 апрели соли 2020 баргузор гардида, дар он варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи якумро ишғол намуданд.

Дар умум дар Қаҳрамонии мазкур 7 даста бо ҳам рақобат намуда, дастаи Душанбе ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи саввум гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи июли соли гузашта тими писарони волейболбози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пирӯз гардида буд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран  бонувони ВМКБ дар мусобиқаи кушод дар риштаи волейболи касбӣ барои “Ҷоми пойтахт-2019” пирӯз гардида буданд. 

Дар даври ниҳоӣ ду даста — духтарони волейболбози ВМКБ ва шаҳри Душанбе-1 байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волейболбозони ВМКБ бо ҳисоби 3:1 дастаи Душанбе-1-ро мағлуб намуда, сазовори “Ҷоми пойтахт-2019” ва 20 ҳазор сомонӣ мукофот гардиданд.

Источник: sputnik-tj.com