Доварони бозии «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 маълум гардиданд

0
67

Доварони  бозии  «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 маълум гардиданд

ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи  футболи Осиё  ҳакамонеро, ки бозии ду дастаи  футболи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи «D» доварӣ мекунанд, таъйин намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Довари FIFA Аҳмад Ал-Алии 35-сола аз Кувайт сардовари бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи «D»  миёни дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и Душанбе   ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш — ёварони довари ФИФА Яъқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ кумак мекунанд. Умар Ашконанӣ аз Кувайт вазифаи довари эҳтиётиро ба уҳда дорад. Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Дар  нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи «D»  ду  даста  аз Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо ҳам вориди  рақобат  мешаванд. Ин бозӣ 11  март,   соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз меёбад

Дастаи  футболи  «Хуҷанд»  дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и  Туркманистон  ва  «Дордой» -и  Қирғизистон  рақобат хоҳад кард.  Тавре  қаблан хабар  додем, дастаи  футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии  Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро   ба  муқобили  дастаи футболи  «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуд. Вохӯрии дастаҳо  пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби  3:0 ба нафъи дастаи  футболи Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфт. Кӯшишу талошҳои футболбозони «Хуҷанд» самар оварданду дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисоб боз шуд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи  футболи  «Нефтчӣ» хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигар ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  ворид кард.

Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои футболи «Дордой» ва «Олтин Асир», ки мебоист 11  март дар Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов доир мегашт, ба муҳлати номуайян гузаронида шуд.

Ҷоми AFC-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Сардовар: Аҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).

Кумакдоварон: Яъқуб Ал-Мутаирӣ, Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ (ҳарду аз Кувайт).

Довари эҳтиётӣ: Умар Ашконанӣ (Кувайт).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Иморот).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Источник: khovar.tj