ДОНИШҲОИ ЗЕҲНӢ – РОҲ БА ҶОМЕАИ САНОАТӢ. Мулоҳизаҳои номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида мешавад

0
195

ДОНИШҲОИ ЗЕҲНӢ – РОҲ БА ҶОМЕАИ САНОАТӢ.   Мулоҳизаҳои номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Магар ягон 30-40 сол пеш мо номҳои Кореяи Ҷанубӣ, Индонезияву Малайзия, Сингапуру Ҳонконг барин давлатҳоро бисёр мешунидем? Ривоҷи саноат ин сарзаминҳои  «гумном»-ро машҳури ҷаҳон гардонд ва акнун саноати пешрафта ва тамошои кӯшкҳои рӯ ба осмон дар ин ҷойҳо ҳар бинандаро ба ваҷд меоварад. Онҳо калиди бахташонро ёфтанд ва мо низ имрӯз ҳамин роҳи ҷасоратмандонаро пеш гирифтаему барои муваффақ шудан имконият дорем. Ин гардиши куллӣ дар иқтисоди мамлакат  мешавад. Инқилоб мешавад. Инқилоби саноатӣ…

Ин порае аз мақолаи илмии Корманди шоистаи Тоҷикистон,  номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух АСРОРӢ мебошад, ки дар робита ба  рушд додани илмҳои дақиқ дар ҷумҳуриамон навишта шудаву ба АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Матни пурраи ин нигориш манзури хонандагони сомона  гардонида мешавад:

ДОНИШҲОИ ЗЕҲНӢ – РОҲ БА ҶОМЕАИ САНОАТӢ.   Мулоҳизаҳои номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида мешавад

Мирзошоҳрух Асрорӣ, номзади илмҳои фалсафа

Алгоритм имрӯз яке аз мафҳумҳои асосии технологияҳои иттилоотӣ (рақамӣ) ва барномасозиҳои компютерӣ аст. Бо калимаи «алгоритм» роҳу усули ҳалли вазифаи додашударо тавассути компютер ифода месозанд, ба таври дигар, вай ҳамон барномаест, ки компютер ба василаи он кор мекунад.

Оё мо медонем, ки «алгоритм» талаффузи лотинии номи риёзидони бузурги мо Ал-Хоразмист. Алгоритмус-Ал-Хоразмӣ. Абӯабдулло Муҳаммад Ал-Хоразмӣ, донишманди номдори тоҷику форс дар улуми риёзӣ, ки зодаи Хоразми асри IX буд. Аврупо дар асри XII тавассути «Ҳисоб-ал-Ҳинд»- арифметикааш усули ҳисоби рақамҳои даҳиро барои худ кашф кард. Ҳамагон акнун медонанд, ки низоми даҳии рақамҳо ихтирои ҳиндувон аст ва он маҳз тавассути Осиёи Миёна, аҷдоди мову шумо дар дунё паҳн шуда, асоси улуми риёзиро ташкил дод. Ал-Хоразмӣ арифметикаи худро дар заминаи ин рақамҳо ва тартиби (алгоритми) иҷрои чорамал — ҷамъ, тарҳ, зарбу тақсим бо онҳо, «ҳисоб-ал-Ҳинд» таълиф кард, ки минбаъд на фақат дар Шарқи мусулмонӣ, балки дар Аврупо ҳам дастури таълими риёзиёт гардид. Вале Ал-Хоразмӣ танҳо бо ин хизматаш машҳур нашудааст. Башарият аз ӯ роҳу усулҳои решабарорӣ, алгоритми ҳалли муодилаҳои квадратӣ ва монанди инҳоро ёд гирифт. Қатори «Ҳисоб-ал-Ҳинд», китоби «Ал-ҳисоб-ал-ҷабр ва ал-муқобала»-и вай ҳам дар ҷаҳон ном баровард ва Ал-Хоразмӣ бо ин китоб дар низоми илмҳои риёзӣ- ал-ҷабр, алгебра ибтидо гузошт.

Гузаштагони мо дар баробари ин ҳамчунин илми тригонометрияро бунёд ниҳодаанд, ки заминаро барояш илми нуҷум (ситорашиносӣ) фароҳам оварда буд. Асрҳои миёна, шуруъ аз садаҳои IX-X барои илмҳои риёзӣ, тиббу астрономия замони ихтирооти бузургу бунёдӣ аз ҷониби донишмандони тоҷику форс ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти муътамади таърихӣ, шарқиён дар натиҷаи мушоҳидаву таҳқиқоти амиқи кайҳон зиёда аз сад зиҷи (ҷадвали) ситораҳоро мураттаб сохтаанд. Бештарини ин зиҷҳо ба олимони Аҷам тааллуқ доранд. Ҳамзамон бо ин таҳияи болотар аз сад ҷадвали дақиқи тригонометрӣ саҳми олимони мо дар пешрафти риёзиёт аст. Дақиқтарин ҷадвалҳои тригонометриро пажӯҳишгарони расадхонаи Мирзо Улуғбек дар Самарқанд мураттаб сохтаанд. Давоми ҳафт аср (IX-XV) таърих дар Мовароуннаҳр номи беш аз сад олими ҳайъатшинос (астроном)-ро сабт кардааст. Аврупо бо маҳсули кори ин донишмандон, зиҷҳо, ки баъди мушоҳидаву таҳқиқоти тӯлонӣ дар  расадгоҳҳои Хоразм, Бағдод, Исфаҳон, Мароғаву Самарқанд омода шуда буданд, хеле барвақт ошноӣ пайдо карда, онҳоро ба манзури рушди минбаъдаи донишҳои астрономӣ мавриди омӯзиш қарор дода буд.

Се кашфиёти бузурги риёзидонҳои он давраи моро метавон ном бурд, ки собиқае надоштанд ва ба рушди дониш такони ҷиддӣ бахшидаанд. Якум, биноми Нютон барои нишондиҳандаҳои натуралӣ, ки танҳо иштибоҳан ба ин донишманди номдор нисбат дода мешаваду дар асл  онро аввалин шуда, риёзидонҳои бузурги форсу тоҷик Умари Хайём, Носириддини Тӯсӣ ва Ғиёсиддини Кошонӣ пайдо карда буданд. Дуюм, кашфи касрҳои даҳӣ, ки  низ ба Ғиёсиддини Кошонӣ тааллуқ дорад. Ва сеюм, постулати V Уқлидус (Евклид), ки тавассути китоби Садриддин, писари Носириддини Тӯсӣ дастраси аврупоиён гардида, минбаъд ба  ривоҷи густардаи риёзиёту улуми табиӣ роҳ кушода аст.

Абармардони илми Мовароуннаҳру Хуросон Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Муҳаммади Хоразмӣ, Закариёи Розӣ ва  амсоли онон на фақат дар риёзиёту ситорашиносӣ, балки дар дигар бахшҳои улуми ақлӣ-тиб, физика (минҷумла механика, оптика, статика, кинематика), геологияву минералогия, геодезия, ҷуғрофия ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар саросари онвақта ҷаҳони мутамаддин шуҳрат ёфта буданд. Ҳисоб кардаанд, ки давоми асрҳои XI-XII дар Аврупо беш аз 300 китоби муаллифони Арабу Аҷам ба лотинӣ гардонда шудаанд. Аз инҳо камаш 100-тоашон мансуби мутафаккирони аҷамианд.

Бамаврид аст, ки аз осори Абӯалӣ ибни Сино алоҳида ёдоварӣ кунем. Қатори шоҳкориҳо дар  фалсафа, асри XII «Ал-Қонун фи-т-тибб»-и ӯ низ ба Аврупо роҳ ёфта, ба лотинӣ тарҷума шуд. Дар асри XV, ки мошини чоп ихтироъ гардид, дуввумин китоби чопшуда баъд аз «Таврот» «Ал-Қонун» буд. Ин китоб давоми 30 соли минбаъда ба лотинӣ 16 маротиба ва як бор бо забони яҳудӣ мунташир шуд. Ба ин тариқа, Абӯалӣ ибни Сино то худи асри XVII, тӯли 600 сол устоди табибони олам буд ва донишҷӯён дар макотиби олӣ илми тибро аз «Ал-Қонун» меомӯхтанд. Ин китоб ҳоло ҳам аз арзиши баланд бархурдор аст. Вай қомусест, ки дар хеш тамоми таҷрибаи тиббии он замонро ба таври муъҷазу муназзам ҷамъ овардааст. Абӯалӣ ибни Сино дар ин китоб, зимнан, нахустин бор сирри биноӣ, мавҷудияти микроорганизмҳои зиёновар- вирусҳоро дар бадани инсон, нишонаҳои диабети қандро ошкор кардааст, дорушиносиро ба низоми муайян дароварда, як қатор доруҳои нав ихтироъ намудааст, дар улуми табобат ба геронтология, физиотерапия, психоневрология, вирусология, иммунология  асос гузоштааст…

Хушбахтона, аз ин бобат, рушди улуми риёзию табиатшиносӣ, бунёди ҷомеаи зеҳнмеҳвар, ҷомеаи саноатӣ мо ба ҷуз гузаштаи классикиамон, заминаи дигаре ҳам дорем. Он таҷрибаи даврони шӯравист. Дар радифи он, ки бо таъсиси Ҳукумати Шӯравӣ Тоҷикистони мо асоси иқтисоди навини хешро барпо мекунад, корхонаҳои нахустини саноатиро таъсис медиҳад, баъди чанд даҳсола, баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1951 Академияи илмҳои хешро ифтитоҳ месозад. Дар саргаҳи тавлиди ин боргоҳи муътабари илмӣ, бе ягон шакку шубҳа, мардони фидокори миллат, ситораҳои дурахшони илму фарҳанги мо Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд. Ба туфайли заҳмату талошҳои бедареғи ин ду абармарди мумтоз, роҳбарону масъулини дигари дилсӯзи миллат дар Тоҷикистон неруи кофии илмӣ фароҳам оварда шуда, таъсиси академияро имконпазир гардонду роҳи рушди густардаи илму донишро дар сарзамини мо ибтидо гузошт. Академия 21 пажуҳишгоҳро вобаста ба риштаҳои мухталифи илм дар бар мегирифт. Дигар соҳаҳоро мегузорем. Танҳо аз соҳаҳои мавриди назари мо, илмҳои табиатшиносию риёзӣ мисли академик Евгений Никанорович Павловский, физики он вақтҳо ҷавони тоҷики муқими Ӯзбекистон Султон Умаров, аз Маскав, дигар гӯшаҳои иттифоқ ба Тоҷикистон даҳҳо донишмандони номдор даъват шуда, дар ташкили таҳқиқот, тарбияи кадрҳои миллӣ ва кор ҷиҳати ҳалли масоили умдаи улуми дахлдори хеш саҳм гузоштаанд. Маҳз натиҷаи ҳамин аст, ки таҳқиқоти геологии Тоҷикистон шурӯъ шуда, кишвари мо бо сарватҳои бои зеризаминии кашфшудааш дар ҷаҳон муаррифӣ гардид, иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ошкор шуда, аз ин ҷиҳат низ ном баровард. Дар илмҳои риёзӣ, тиб, геология, минералогия, астрономияву астрофизика ва  ғайра даҳҳо олимони маъруфи тоҷик ба камол расиданд. Таҳқиқоти амиқи илмӣ, таълиму тарбияи садҳо ҳазорон нафар мутахассисони соҳаи мазкур, коргарони боҳунар дар навбати худ минбаъд заминаро барои бунёди нерӯгоҳи азими барқии Норак, корхонаҳои муқтадири саноатие, амсоли заводи алюминийи Тоҷикистон, заводи электрохимиявии Ёвон муҳайё сохтанд. Ин се иқтидори бузург асоси маҷмааи (комплекси) ҳудудии истеҳсолии ҷануби Тоҷикистонро ташкил доданд. Ҳамин тавр, бо таваҷҷуҳу ҷоннисориҳое, ки Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров нисбат ба рушди илму маърифат, донишҳои риёзию табиатшиносӣ дар ҷумҳурии хеш карданд ин бахшҳои фаъолият ва аз пайи он саноати Тоҷикистон низ хеле пеш рафтанд.

Бале, мову шумо, наслҳои имрӯзаи миллати сарбаланди тоҷик аз гузаштаҳои баруманди хеш, ана, ҳамин гуна як мероси пурғановат ба ёдгор дорем. Ва вақте ба умқи таҳлилҳою вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат андеша мекунем, беихтиёр ҳамон давраҳои пурифтихори таърихамон пеши рӯ меоянд. Бароямон равшан мешавад, ки муҳимтарин масъалаи ҷомеаи мо то чӣ ҳад даҳоёна, хирадмандона, коршиносона ташхису баҳогузорӣ ва самти рушд муайян гардидааст. Он замон чӣ мақому мартаба дар ҷаҳон доштем, имрӯз чӣ мақому мартаба дорем? Гузаштагони бузурги мо бо машъалаҳое, ки аз илму дониш барафрӯхта буданд, дар  муҳити тираву тори асримиёнагӣ, ҳокимияти мутлақи дин ва фармонравоии калисо рисолати раҳнамоии башариятро ҷониби  рифоҳу рушд  ба ҷо оварда, Таҷдиди Аврупо ва дигар таҳаввулоти инқилобии он айёмро оғоз ниҳода буданд. Вазифаи мо акнун хоксоронатар аст. Мо наметавонем ва даъво ҳам надорем, ки чун ҳамон давраҳои руъёӣ пештози башарият бошем. Хоҳишамон танҳо ин аст, ки аз замона ақиб намонем. Иқтисоди пешрав ва ҳаёти осудаҳолонаи муносиби даврро барои мардумон ба вуҷуд оварем.

Оё метавонем ба ин орзӯямон бирасем? Албатта, метавонем. Иқлими мусоид, хоки зархез, оби фаровон, сарватҳои ғании зеризаминӣ, манбаъҳои номаҳдуди тавлиди неру дорем. Яъне, дар муқоиса бо иддае мантиқаҳои олам ҳама имкониятҳо ҳастанд, то мо як саноати муқтадиру кишоварзии ҳозиразамони пурсамар бунёд созем. Имкониятҳои табиию ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ, сармояи рушди ояндаанд, аммо сармояи муҳимтарини мо одамонанд. Неруи инсонӣ барои ҳар давлат омили калидии рушд аст ва кишварҳое, ки ба ин замина такя кардаанд, албата, муваффақ шудаанд. Япония давлатест, ки аз ана ҳамин имкониятҳои мусоиди табиӣ маҳрум мондааст, маводи сӯхташро, ки фишанги асосии иқтисод аст, сад дар сад аз хориҷа ворид мекунад. Аммо баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон барқарорсозии иқтисоди харобгаштаашро шурӯъ намуда, ҳама умедро ба неруи инсонӣ баст ва маҳз қувваи одам, оммаи бузурги мардуми таҳсилдидаву фаъол ин кишвари нимфеодалии мағлуби ҷангро ба сафи ҳафтгонаи давлатҳои муқтадири саноатии ҷаҳон ворид сохт.

Мо бошем, аз ин лиҳоз халқи Худододаем. Бар  замми он, ки аз неъматҳои табиию ҷуғрофӣ, имконоти иқтисодӣ бенасиб нестем, неруи инсонии қавии рӯ ба рушду афзоиш дорем. Синни миёнаи аҳолии Тоҷикистонро 24 сол рақам мезананд. Қувваи ҷавон, муқтадир, фаъолу тавоно, ки омодаи кору созандагист. Аммо дар Аврупо, баъзе минтақаҳои дигари рушдкарда даҳсолаҳост, ки аз «пиршавӣ»-и аҳолӣ, «пиршавӣ»-и миллатҳо бонги изтироб мезананд. Суръати афзоиши аҳолӣ сол ба сол поин меравад, нуфус афзоиш намекунад, балки баръакс, кам мегардад. Занону мардон хонадор шуда, дар фарзандоварӣ коҳилӣ мекунанд. Масъулияти нигоҳубини фарзанди зиёдро ба дӯш гирифтан намехоҳанд, фақат як фарзанд ба дунё меоваранд, ё умуман, насл намедиҳанд. Дар натиҷа аз ҳар ҷуфти хонавода танҳо як нафар ба ҷомеа зам мешавад, ё комилан зам намешавад. Ҳолати мазкур мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор меоварад. Иқтисоди рушдкарда ба камбуди қувваи корӣ мувоҷеҳ аст, дар хонаводаҳо теъдоди хӯрандаҳо зиёд, хӯронандаҳо бошад, кам мешавад. Масрафи буҷет меафзояд-барои таъмини нафақа, дигар дастгириҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон, дар ҳоле, ки воридоти андоз аз кормандон коҳиш меёбад. Ҳамин аст, ки роҳи ҳалли масъаларо дар муҳоҷират дидаанд, чуноне дар Россия  мушоҳида мешавад, сиёсати судбахши демографиро роҳандозӣ карда, оилаҳоро ба афзоиши насл ҳавасманд месозанд.

Хушбахтона, ба мо ин хатарҳо таҳдид намекунанд. Тоҷикистони азизамон ба 30-юмин соли истиқлоли худ дар шароите қадам мегузорад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш ҳамасола на кам аз ҳафт дарсад рушд карда, сатҳи зиндагии мардумамон ҷиддан боло ва камбизоатӣ поин меравад. Акнун табақаи миёнаҳол барои мо мақсад не, балки воқеияти рӯз аст, ки ҷойгоҳаш дар таркиби аҳолии Тоҷикистон рӯз ба рӯз мустаҳкам мегардад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифа гузошта шудааст, ки дар ҳафт соли оянда ҳиссаи он ба 45 дарсад расонда шавад, камбизоатӣ бояд то 18 фоиз коҳиш ёбад. Соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо 7,5 дарсад зиёд шуда, суръати рушд дар ҳафт соли гузашта 7-дарсадӣ будааст. Ин намунаи хеле хуби рушди босуботи иқтисодист, ки имрӯз, дар шароити кунунии мураккаби ҷаҳон бисёр давлатҳо чунин ҳадди пешрафтро танҳо  орзу мекунанд.

Ҷиҳати иҷрои се ҳадафи стратегии дар оғози истиқлолият ба миён гузошташуда – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва дастёбӣ ба амнияти ғизоӣ тӯли ин солҳо иқдомоти бузург сурат гирифтанд, ки вазъро дар кишвар комилан дигаргун сохтаанд. Бунёди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, оғози кори ду чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, таҷдиди нерӯгоҳҳои фаъолияткунанда ва такмили зерсохтори интиқоли нерӯ мушкили камбуди ин воситаи муҳими зиндагиро рафъ намуда, имкони дастрасии доимию номаҳдуди онро фароҳам оварданд, ба рушди саноат ва дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ роҳ кушоданд. Роҳҳои ҳозиразамони автомобилӣ, хатҳои нави қатораӣ акнун тамоми гӯшаю канори Тоҷикистонро бо ҳам васл сохта, имкони равобити нақлиётиро бо хориҷи мамлакат густариш додаанд ва корҳо дар самти бунёди хатҳои нави нақлиётӣ, таъмиру такмили роҳҳои мавҷуда идома доранд. Меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, сабзавоти барвақтии мо дар бозорҳои ҷаҳонӣ торафт бештар муаррифӣ гардида, харидоронашон афзун мешаванд, ки ин самараи татбиқи собитқадамонаи ҳадафи сеюми миллӣ-таъмини амнияти ғизоӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, агротехникаи муосир ва бунёди ҳазорҳо гектар боғҳои нав мебошад. Умуман, дар ҳамаи бахшҳои ҳаёт, бунёди коргоҳҳои нави саноатию хизматрасонӣ, муассисоти маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра пешравиҳо баръало намоёнанд.

Мамлакат, инак, илова ба амалисозии се ҳадафи стратегии мавҷуда, саноатикунонии босуръатро низ самти чоруми рушди минбаъдаи хеш муайян намуда, дилпурона ба ин роҳ қадам гузоштааст. Масъала соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омада, рушди саноатию инноватсионӣ дар авлавият қарор гирифт, ҳарчанд то ин муддат ҳам соҳа аз назари эътибор дур набуду бомаром пеш мерафт. Дар Паёми соли 2018-и Сарвари давлатамон бошад, саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар Паёми навбатӣ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, як қатор масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз қабили баланд бардоштани рақобатнокӣ ва сифати маҳсулот, татбиқи фаъолонаи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ номбар ва дастуру супоришҳои дахлдор ба масъулин дода шудаанд. Вале бо вуҷуди ин дастовардҳо дар самти мазкур хурсандибахшанд. Тавре дар Паём зикр гардидааст, давоми ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ қариб се баробар ва ҳиссааш дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 5,1 фоиз афзуда, ҳоло аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ бунёди 20 корхонаи нав ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, роҳи мо ба оянда равшан, интизориҳоямон бузурганд. Давлати саноатӣ будан, саноати рушдкарда доштан дар ҷаҳони имрӯза ҳадди камол арзёбӣ мешавад. Саноати серсоҳаю пуриқтидор бошад, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳам меафзояду сатҳи зиндагӣ ҳам бамаротиб боло меравад, шуғл ҳам пайдо мегардаду содирот ҳам. Ва боз даҳҳо имтиёзу афзалиятҳои дигар, ки мо тасаввуроташро ҳам надорем.

Аммо ҳамзамон бо он, ки инқилоби саноатиамонро омода мекунем, моро мебояд ин гуна инқилобро дар мафкураҳо ба вуҷуд оварем, нерӯи инсониамонро ҳамаҷиҳата рушд диҳем, вайро барои роҳандозии таҳаввулоти мазкур ва зиндагии фардо бо омӯзиш фаро бигирем.

Беҳуда нест, ки маънавиёт қисмати умдаи Паёми Сарвари давлатамонро ташкил медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимни он, ки чун ҳамеша, зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид карданд, як қатор вазифаҳоеро ба миён гузоштаанд, ки барои ҷомеаи мо, махсусан, дар шароити имрӯз ва дар иртибот бо дигаргуниҳои бунёдии фардои кишвар аҳамияти ниҳоят муҳим доранд.

Якум. Мавриди эътибори хос қарор додани таълими фанҳои табиатшиносию риёзӣ, тақвияти қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон, пурзӯр кардани назорат ба сатҳи дониши шогирдони муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои мазкур.

Бояд гуфт, ки ин масъала аз ҷониби Сарвари давлатамон нав матраҳ намешавад. Ҳамчуноне рушди маориф аз нахустин солҳои истиқлолият дар ҷумлаи афзалиятҳои давлати ҷавони тоҷикон қарор мегирифт, ин бахши кори маориф низ ҳанӯз аз ҳамон давраҳо вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат мавриди назари роҳбарияти олии мамлакат буд. Мисли тақвияти тафаккури техникӣ, бо назардошти талаботи рӯз ба омӯзиши ихтисосҳои техникӣ ва касбу ҳунарҳои коргарӣ бештар ҷалб кардани насли ҷавони мо ва ниҳоят, соле ҳам «Соли фарҳанги техникӣ» эълон гардида, дар ин замина иқдомоте амалӣ шуд. Худи раванди компютерикунонии мактабҳо, ба шабакаи интернет пайвастани онҳо ва таълими технологияҳои иттилоотӣ ба толибилмон, ки барономаи давлатии марбути ин масъалаҳо давра ба давра чанд маротиба тамдид шуд, як бахши кори тавсеаи тафаккури техникӣ аст ва зимнан, имконоти шогирдони моро ба гирифтани дониш зиёд кардааст.

Аммо акнун, дар Паёми навбатӣ масъала бори аввал аст, ки бо чунин барҷастагӣ зуҳур карда, ба он эътибори махсус дода шудааст. Ба хотири вусъати бештари омӯзиши фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Салоҳ дониста шуд, ки ҳамасола даврҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва шаҳриву ноҳиявии олимпиадаҳоро доир ба ин фанҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронда, ғолибон аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонда шаванд.

Дуюм. Таъкиди нақши умдаи ҳифз ва омӯзиши забони модарӣ дар бақои фарҳанги миллӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, забонҳои русию англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ ва воситаи маърифатнок кардани ҷомеа.

Чуноне медонем, ин низ идомаи ҳамон сиёсатест, ки давлати мо аз нахустин солҳои таъсисаш ҷиҳати ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун нишони ҳастии миллат ва тавсеи омӯзиши забонҳои русию англисӣ роҳандозӣ карда, онро тавассути қонуну як силсила барномаҳои давлатӣ собитқадамона амалӣ мегардонад. Аҳамияти масъалаҳои мазкур на фақат кам нашудааст, балки бо мурури замон торафт тақвият меёбад.

Сеюм. Боло бурдани эҳсосоти ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар ҷомеа тавассути роҳандозии омӯзиши амиқи таърихи гузаштаи халқамон. Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат,  хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем». Аз ин рӯ, олимону донишмандонро даъват намудаанд, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумиамон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Хурсандибахш аст, ки бо дастури Сарвари давлат шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз ҳисоби фонди президентӣ муҷаддадан чоп ва дастраси ҳар оилаи тоҷик гардонида мешавад ва Ҳукумати мамлакат аллакай ба ин кор шуруъ намудааст. Он, ҳамчунин, ба забонҳои байналмиллалӣ тарҷумаву нашр ва тавассути интернет пахш мегардад. Бошад, ки тавассути ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат ҳар яки мо аз таърихи чандинҳазорсолаи хеш дарки дуруст ҳосил кунем, ба таассубу хурофоти мухталифи сиёсиву динӣ, ки асрҳо боз домани миллатамонро гирифта, монеаи рушди густардаи он шудаанд, баҳои воқеӣ дода тавонем ва ҷаҳониёнро бо аслу насаби хеш беҳтар ошно созем. Арзиши ин корномаи донишманди бузурги мо, фидоии миллату Ватан беназир аст.

Чорум. Барқарор кардану густариш додани муносибати ҷиддӣ ба китобу китобхонӣ чун воситаи боло бурдани маърифатнокии мардум, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ахлоқию маънавии шаҳрвандон. Президенти мамлакат зимни суханрониашон тамоюли вақтҳои охир қувват гирифтаистодаи дур шудан аз китобу китобхониро дар ҷомеа масъалаи нигаронкунанда унвон карданд, ки на фақат миёни хонандагону донишҷӯён, балки дар омӯзгорон низ мушоҳида мешавад. Аз он, ки маҳз китоб ба инсон маърифату дониш мебахшад, ҷаҳонбиниашро густариш медиҳад, доираи андешаву тафаккурашро фарох месозад, ӯро сухандону сухангӯ мегардонад ва роҳи дурусти зиндагиро барояш нишон медиҳад, мақомот, вазорату идораҳои марбутро вазифадор карданд, ки китобхонии хонандагонро дар муассисаҳои таълимӣ таҳти назорати ҷиддӣ гиранд, нашри осори бадеиро зиёд созанд, мутолиаи соле на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва азёди асарҳоро барои ҳар нафари калонсол, ҷавону наврас ба роҳ монанд, ҷиҳати ба китобхонаҳои умумӣ ва мактабӣ дастрас кардани ҳазорон нусха китоби зарурие, ки аз беаҳамиятӣ ҳоло дар  анборҳо ғун шуда, манзури хонандаашон нагардидаанд, чораҷӯӣ намуда, ба ин кор маблағ ҷудо созанд. Таъкид шудааст, китобхона маркази муҳими илму фарҳанг аст, ки бояд дар ҳама ҷо, корхонаю муассисаҳо, идораҳо, хоҷагиҳо, маҳалҳои зисти мардум фаъолият кунад, то одамон аз ин махзани бебаҳои илму дониш осон истифода бурда тавонанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки соли гузашта бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷаҳои хуб дод. Инро мо дар афзоиши теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дигар китобхонаҳо, дар зиёд шудани шумораи харидорони китоб тавассути ярмаркаҳои интишороти «Адиб» баръало мебинем. Бо дастури Пешвои миллат минбаъд ин озмун ҳамасола баргузор мешаваду маблағҳо ба ғолибон бештар гардидаанд. Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо маънавиёт рабт дорад, ки он ҳам минбаъд идома пайдо мекунад. Ин ҳама тадбирҳо дар собиқа дида намешуданд. Равшан аст, ки давлат сиёсати рушди нерӯи инсонӣ, камолоти маънавию зеҳнии ҷомеаро тақвият медиҳад.

Панҷум. Чораҷӯиҳо дар масъалаи шуғл ва ҳунаромӯзонӣ ба насли ҷавон. Сарвари давлатамон ин корро ҳамеша мадди назар доранду онро мавриди баррасӣ қарор додаанд ва пешравиҳо низ дида мешаванд. Вале вазифа ин дафъа мушаххас аст: давоми панҷ соли оянда ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани тамоми шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки пеша надоранд, саросар соҳибкасб гардондани аҳолии кишвар. Тасаввур мекунед, ки баъди муваффақона иҷро гардидани ин вазифа мо дар ҷанбаи иқтисодию иҷтимоӣ чӣ пешравиҳое хоҳем дошт?!

Ҳамин тавр, мамлакат роҳи саноатикунонии босуръатро пеш гирифта, ба зинаи наву болотари рушд қадам гузошт, ки албатта, неруи инсонии сифатан навро ба миён меоварад. Саноати имрӯзаи рақамӣ, бо технологияҳои инноватсионии худ аз кормандон ҳушу зеҳнияти баланд, донишҳои риёзиву табиатшиносӣ ва малакаву қобилиятҳои муайяни техникиро тақозо дорад. Моро мебояд ҷомеаамон, нерӯи инсониамонро барои ин давраи нав омода гардонем.

Дар партави ҳадафу вазифаҳои ба миёнгузоштаи Президенти мамлакат симои ҷомеаи ояндаи тоҷикон комилан дигаргун ба назар мерасад. Ҷомеаи бомаърифат, закию донишманд, технократ. Ҷомеаи саноатӣ. Бештарини мардум дар ин ҷомеа паси дастгоҳҳои муосир кор карда, маҳсулоти бозоргир мебароранд ва дастмузди хуб доранд. Умури кишоварзӣ ҳам тағйир кардааст. Тавлиди маҳсулот афзудааст ва раванди тавлидот бештар ба конвейер, ба як корхонаи саноатӣ монанд гардидааст. Касе дар ин ҷомеа бекор нест. Мактаб шогирдонашро бо асосҳои дониш хуб мусаллаҳ сохта, ба онҳо роҳхати зиндагии минбаъдаро медиҳад. Дар пеш бошад, имконоти фаровони интихоби ихтисос  ва касбу ҳунар, бозори меҳнат интизори қувваҳои нав ба нави корист. Ҳамзамон сатҳи маънавиёт дар ҷомеа боло рафтааст. Одамон аз таърихашон, забону адабиёташон огоҳии комил доранд. Китоби  шеъреву романе дар дасти як нафар ронанда, муҳандис ё иқтисоддону ҳуқуқшинос дигар муъҷиза нест. Мардум, сарфи назар аз машғулият, ба китоб, асарҳои бадеию илмӣ рағбати зиёд доранд, дигар тафриқае нест, ки риёзидон риёзиашро донад, таърихчӣ таърихашрову забоншинос забонашро, талоши донистан, талоши маърифат «муқтазои табиат»-и одамон шудааст. Аз ин рӯ ҳам таассубу хурофот дар ин ҷомеа роҳ надорад. Таассубу хурофот ва аз пайи он ифротгарию хушунатҳои мазҳабӣ одатан зодаю парвардаи донишу ҷаҳонбинии танг, ноқис ва якҷониба ҳастанд.

Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бояд қобилиятҳои зеҳнии насли наврасу ҷавони моро тақвияту тавсеа диҳад, тафаккуру фарҳанги техникиро дар ҷомеа роиҷ гардонад. Таваҷҷуҳи хоса бо омӯзиши таърих, забону адабиёт, мутолиаи асарҳои бадеӣ ва умуман, китобу китобхонӣ бошад, ҷомеаро аз ҷиҳати маънавӣ қавӣ месозад ва имкон фароҳам меоварад, ки мо арзишҳои асилро аз арзишҳои сохтаю бебунёд ташхис дода тавонем, Ватанамон, милатамонро дониста, бо фаҳми кор дӯст дорем, хислатҳои неки инсониро пайравӣ кунем. Ин ду ҷанбаи рушд-зеҳнию маънавӣ дар тарбияву ташаккули инсон арзиши яксон доранд ва танҳо дар якҷоягӣ зиндагии саодатмандонаи ӯро таъмин гардонда фардро ба иҷрои вазифааш дар назди ҷомеа мукаммалтар омода месозанд. Аз ин ҷост, ки ба масъалаи рушди нерӯи инсонӣ дахл карда, Сарвари давлат ҳарду паҳлӯи он-ҳам камолоти зеҳнӣ ва ҳам камолоти маънавиро барои ояндаи кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Пӯшида нест, вазъи имрӯзаи таълим ва чизе, ки пеш аз ҳама ба чашм мерасад, таблиғи донишҳои зеҳнӣ (ақлӣ) – табиатшиносию риёзиро дар мо қонеъкунанда донистан имкон надорад. Баргузории ин ё он нишаст бо аҳли ҷомеа перомуни ягон мавзуи доғи иҷтимоию сиёсӣ, санаю рӯйдоди хотирмони таърихию адабӣ, маҳфилҳои адабию бадеии мактабӣ дар кишвар анъана шудааст. Телевизион ҳам ба ин мавзуъҳо аҳамияти муҳим медиҳад. Озмунҳои шеърхонӣ, суруду мусиқӣ барпо мекунад, ки хеле муддат идома ёфта, доираи васеи иштирокчиён ба онҳо ҷалб мегарданд.

Вазорати фарҳанг, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш низ дар ин ҷода фаъоланд. Худи ҳамин  озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ тамоюли мазкурро дар сатҳи болотару оммавитар тақвият доданд. Ин ҳама ҳуб аст, албатта, ва дар самти маънавиёт, талқини омӯзиши таърих, забону адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ғояҳои ватандӯстию ваҳдати миллӣ алоқадри ҳол корҳое карда мешаванд. Аммо таблиғи донишҳои зеҳнӣ, улуми риёзию табиатшиносӣ, чизе, ки ба нерӯи инсонии мо ҷон ато мекунад ва ӯро қодир ба бунёдкорию созандагӣ мегардонад, ба ин гуна эътибор мушарраф нашудааст. Тасаввуре ба миён меояд, ки гӯё мо бо шеър, сухандониву сухангӯӣ мехоҳем иқтисодамонро ба по рост кунем, инқилоби саноатиамонро роҳандозӣ намоем. Оё тӯли ин солҳо иқдоми хотирмоне дар роҳи таблиғи донишҳои зеҳнӣ сурат гирифтааст? Гумон меравад, ки не. На ягон аксияву ибтикороте, на ягон озмуни ба назар намоёне. Телевизион низ аз ин бобат имконоташро пурра истифода накардааст. Чаро нашавад, ки дар радифи олимпиадаҳои пешниҳодкардаи Президентамон доир ба илмҳои риёзию табиатшиносӣ миёни таълимгирандагон, озмуни бошукӯҳеро монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба роҳ монем? Дар ҳоле, ки мо манфиати ин чорабиниҳоямонро баръало дида истодаем. Маърифати зеҳнӣ ба лиҳози аҳамият дар рушди неруи инсонӣ шоистагии онро дорад, ки баҳри ривоҷ доданаш аз ин гуна тадбирҳои муассири оммавӣ кор бигирем.

Солҳои шӯравӣ бисёр «хонаҳои пионерон» маҳфилҳои киштисозӣ, мошинсозӣ, тайёрасозӣ ва амсоли инҳоро доштанд, ки қобилиятҳои техникии наврасонро рушд медоданд. Ин гуна маҳфилҳоро эҳё бояд кард. Боз як таҷрибаи дигари фаромӯшшуда аз замони шӯравӣ. Тираже, ки маҷаллаи «Наука и жизнь»  дошт, ягон маҷаллаи онвақта надошт. Теъдоди хонандагони нашрия садҳо ҳазор буд ва он дар таблиғи донишҳои ақлӣ хизмати арзандае мекард. Боз дигар нашрияҳое буданд, ки ин донишҳоро густариш медоданд, садҳо китоби илмӣ-омавӣ ба нашр мерасид, ки ҳаёту фаъолияти чеҳраҳои намоёни илм, масоили умдаи илмиро ба таври соддаю фаҳмо инъикос мекарданд ва хонандагони онҳо зиёд буданд. Табақаи хосаи нависандагону журналистон ташаккул ёфта буд, ки онҳоро шореҳони илм, таблиғгарони илм мегуфтанд. Нашриёти «Знание» фаъолият дошт. Мо бояд зарфияти имконоти маҷаллаи «Илм ва ҳаёт»-ро тақвият диҳем, ки мундариҷаи он ба «Наука и жизнь» монандӣ дорад. Барои ҷомеае, ки мехоҳад ҳамқадами замон бошад ва маърифати зеҳнию фарҳани техникиашро рушд диҳад, баҳрабардорӣ аз ҳамаи ин сарчашмаҳо ҳатмист.

Аммо даргоҳи аслии маърифат, аз ҷумла маърифати зеҳнӣ ҳамоно мактаб аст. Маҳз мактаб аст, ки ба инсон аз ҳамаи ҷанбаъҳои ҳаёт асосҳои донишро медиҳад. Вайро ба дарки  дурусти зиндагӣ, интихоби пешаи оянда омода мегардонад. Барномаҳои таълимии мактабҳои мо ҳамаи заминаҳоеро доранд, ки шогирдонро ба ҳадди кофӣ бо донишҳои  зеҳнию маънавӣ мусаллаҳ созанд. Гап танҳо сари сифати таълим, сифати дониши мегирифтагии шогирдон аст. Чӣ бояд кард, ки дар муассисоти таҳсилоти миёна ва олӣ ҳадди дониши фарзандони мо бо аттестату дипломҳои мегирифтагишон мутобиқат дошта бошад? Чӣ  роҳеро бояд ба кор бурд, ки дониши шогирдон рӯйякию куркӯрона не, балки амиқу фаъол бошад ва онҳо тавассути ин маълумот қудрати таҳлил ва фаҳмиши мантиқии воқеиятҳои рӯзро ба даст оваранд? Инҳо саволҳоеанд, ки имрӯз ҳар як омӯзгор, ҳар яки мову шумо бояд онҳоро пеши худ бигузорем. Бо вуҷуди таъсири чашмраси шароитҳои моддию техникӣ ба таълим, дар меҳвари низоми маориф омӯзгор қарор дорад ва сифати дониши хатмкунандаи ояндаи мактабро маҳз ӯ, омӯзгор ва малакаю маҳорати ӯ муқаррар мекунанд. Аз ҳамин рӯ, моро лозим аст дар таълими фанҳои табиатшиносию дақиқ ба касбият ва дониши омӯзгоронамон диққати ҷиддӣ диҳем.

Аз ёд намеравад. Солҳои шӯравӣ китобе хондам аз они Минонна Исламовна Яновская, нависанда ва хабарнигори ҳафтаномаи «Литературная газета». Китоб «… и быть человеком» ном дошт. Маҷмуаи очеркҳо дар бораи мушкилоти низоми маориф. Муаллиф дар яке аз ин очеркҳо симои муаллими физикаеро ба қалам додааст. Вай дар мактаб муаллими аз кор рафтаеро иваз мекунад. Қатори дигар синфҳо, дар синфи шашум ҳам таълими шогирдонро ба зимма мегирад. Муаллими ғайриодӣ, ки ба ҳамаи шогирдон «шумо» гуфта муроҷиат мекунад ва вақте духтаракеро назди тахта мехонад, фарқияти синну солро нигоҳ накарда, ба эҳтироми зан аз ҷояш бармехезад. Талабагон ба ин рафторҳои «аҷиб»-и ӯ аввал бо ҳайрат менигаристанд, баъд одат карданд ва ниҳоят эҳтиром мегузоштагӣ ҳам шуданд. Устод, ҷояш ояд, шӯхӣ низ мекард, аммо шӯхии нозук, беозор. Вай озурдани дили шогирдон, беэҳтиромӣ нисбат ба онҳоро ба худ раво намедид. Вале аз ҳама муҳим усули сабақдиҳии ӯст. Ба шарҳи мавзуъ вақти зиёд сарф намекард. Бо чанд калима масъаларо мефаҳмонду баъд ба ихтиёри шогирдон як саволи содае ҳавола мекард, ки мағзи мавзуъ дар ҷавоби ин савол нуҳуфта буд. Хонандаҳо шавқмандона, ба хотири нидои таҳсинкоронаи устодро шунидан майна об мекарданд. Онҳо ноилоҷ монда, ҷонҳавлӣ ба китоб чанг мезаданд, устод бо нимтабассум, ҳилагарона хотирҷамъашон мекард, ки беҳуда накобанд, ин гап дар китоб нест. Ана, ҳамин тавр ҳамаро саросар ба фикр кардану ҷавоб ҷустан водор сохта, оқибат ба мақсад ҳам мерасид. Синфе, ки дар мактаб синфи душвораш мегуфтанду баҳояшон аз физика аксаран аз «3» боло набуд, ба зудӣ физикахону физикадон гардид. Вақте баъди фосилаи андаке устод корро қатъ карда, аз мактаб рафтанӣ шуд, димоғи ҳама сӯхт, дар хайрбод писарон қавоқ гиронда буданд, духтарон бошанд, аз алам ашк мерехтанд.

Ин усули таълимро дар  гузашта, иштибоҳ нашавад, таълими проблемавӣ мегуфтанд. Ҳоло шояд усули таълими фаъол ё интерактивӣ номанд. Гап дар истилоҳ нест. Муҳим моҳияти кор аст, ки муаллим маҳорати фавқулодаи ба ҳалли масъала шарик сохтани сомеонашро дорад, вай байни хеш ва шогирд фосила намегузорад, ӯро даъват мекунад, ки баробари устод биандешаду хулоса барорад. Вай дарсро чунон мегузаронад, ки он ба як саҳнаи дилчасп табдил меёбад ва ҳеҷ хонанда дар ин саҳна бекор нест, ҳама фаъолона нақш мебозанд. Ин корро бо фаҳми одаткардаи мо наметавон дарс додан гуфт, балки дарс офаридан, дарс  эҷод кардан аст. Воқеан ҳам, муаллимони асил ба кори хеш муносибати эҷодкорона доранд ва ҳар машғулияти онҳо эҷодкорӣ аст, халлоқият аст. Онҳо чун дӯст, чун рафиқ дасти шогирдро гирифта, бо ин васила ӯро водор месозанд, ки ба умқи дониш бирасад. Дониши амиқ  андешаро таҳрик дода, муҷиби  самар мешавад. Дониши рӯякию сарсарӣ самар надорад, вай дониши мурда аст. Бинобар  ҳамин, дил мехоҳад мо садҳову ҳазорҳо нафар ҳамин гуна устодони моҳири ҳирфаӣ ва воқеан донишманд дошта бошем, то фарзандонамон таҳсилоташонро бо донишҳои қавию коромад ба итмом расонда, ба ҷомеаи бунёдкори мамлакат бипайванданд.

Паҳлӯи дигари масъала. Имрӯз мо баъзан мехоҳем таъсири харобкоронаи ақоиди хурофотию ифротии диниро ба мафкураи ҷавонон бо гапҳои умумӣ, бе далел, бо суханҳое чун «бовар накунед», «наравед», «накунед», бе кор созем. Дар ҳоле, ки ривоҷи донишҳои зеҳнӣ, фарҳанги техникӣ муқобили он сипари боэътимод аст. Дониши забони юнонӣ дар вақташ ба гузаштагони мо пуле гардид, ки онҳо тавассуташ ба илму ҳикмати ин халқи қадима дастрасӣ пайдо намоянд. Давраи Сосониён китобҳои юнонӣ ба паҳлавӣ тарҷума мешуданд. Дертар, баъди истилои араб ба онҳо боз тарҷумаҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ низ зам гардиданд. Ин ҳама, илова ба сарчашмаҳои қадимаи илмию бадеии худи халқҳои эронӣ, маъхазҳои ҳиндӣ заминаро барои рушди илмҳои табиатшиносию риёзӣ дар асрҳои IX-X миёни аҷдодони мо фароҳам оварда, нобиғаҳоеро амсоли Абӯали ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Муҳаммади Хоразмӣ, Зикариёи Розӣ ва даҳҳо нафари дигар вориди майдон сохтанд. Осори ин донишмандон ба Аврупо роҳ ёфта, тавассути тарҷума ба рушди минбаъдаи илм дар ин минтақа таъсири калон гузошт. Он замоне буд, ки тамоми тамаддуни Аврупо дар қабзаи калисо қарор гирифта, асарҳои илмиву фалсафии Юнони бостон чун китобҳои бидъатомез ба коми оташ  рафта буданд. Донишмандони мо бо китобҳои худ ба бозгашти дубораи тамаддуни юнонӣ мусоидат карда, воситаи ошноии халқҳои Аврупо бо ин тамаддун гардиданд. Ривоҷи  илму ҳунар бо мурури вақт завлонаҳои калисоро барканд, халқҳои Аврупоро аз асорати таассуботи динӣ озод намуд ва Таҷаддудро ибтидо гузошт, ки баъд онро ҷараёни маорифпарварӣ иваз намуд. Натиҷа инқилобҳои саноатие буд, ки аз асри XVIII ба ин тариф дар кишварҳои мухталифи Аврупо шуруъ шуд.

Ҷои ифтихор аст, ки донишмандони бузурги мо дар саргаҳи ин дигаргуниҳои сарнавиштсози Аврупо қарор доштанд. Аммо дар сарзаминҳои худ онҳо ба чунин муваффаққият комёб шуда натавонистанд. Таассубу хурофоти динӣ бар онҳо пирӯз омад. Гарчанде садои эътирозомезашон аз қаъри асрҳо ҳанӯз ҳам ба гӯш мерасад. «Адён ва мазоҳиб иллати асосии ҷангҳо ва мухолиф бо андешаҳои фалсафӣ ва таҳқиқоти илмӣ ҳастанд». Ин суханон ба қалами бузургтарин олими охири асри IX ва аввали асри X-и мо Муҳаммад Закариёи Розӣ тааллуқ доранд. Вай дар ҷои дигар осори хаттии диниро «кутубе холӣ аз арзиш ва эътибор» унвон кардааст. Дар «Таърихи фалсафаи муслимин» ном асаре, ки бо англисӣ дар Олмон нашр шудааст, дар бораи Закариёи Розӣ иброз кардаанд: «Дар ислом ва шояд умуман, дар таърихи афкори одамӣ бағайраттарин ва озодандештарин мутафаккир ба шумор равад. Ӯ ратсионалисти комил буд, дар дидааш ҳиҷобе надошт, дар баёни кушоду равшани ақоидаш густохии беҳамтое зоҳир менамуд. Розӣ ба дину мазҳаб не, балки ба инсон, ба прогресс имон оварда буд».

Сад сол баъд аз вафоти Розӣ Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳои фалсафиаш, бархилофи ақидаҳои маъмули динӣ, назарияи эманатсияро пешниҳод намуд. Мувофиқи он, Худо ақли нахуст аст, аз вай боз ақлҳои дуюму сеюм пайдо шудаанд. Ақли охирин чаҳорунсур – об, хок, оташ, бодро падид овард. Ибни Сино ба эътиқоде шак дошт, ки Худоро офаридгори бевоситаи ҳама мавҷудот медонист. Вай бар он буд, ки материя абадан вуҷуд дораду ҳеҷ гоҳ интиҳо намеёбад.

Ин гуна мавқеъ ва ақоиди густохонаи донишмандони бузурги табиатшиноси мо, албатта, аз ҷониби уламои муътабари ислом беҷавоб монда наметавонист. Ҳуҷҷатулислом, имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ муқобили онҳо бархоста, навишта буд, ки «ҳар фарди ба илмҳои мазбур шуғлдоштаро ҳамеша бояд дар лаҷом дошт» ва «онҳое, ки ба  риёзиёт шуғл варзида бошанду дар айни ҳол аз куфру илҳод берун монда, ба сари хеш лагоми порсоӣ андохта бошанд, хеле каманд».

Сабаби пайдоиши ин ақоиду афкори зиддидиниро миёни олимони гузаштаи мо дар чӣ бояд дид? Сабаб шояд он бошад, ки аз вафоти паёмбари гиромии ислом дере нагузошта, пайравони ӯ ба асли ислом хиёнат, фармудаҳои қуръониро таҳриф карданд ва онҳоро ҳар кадом аз рӯи манфиат ва салоҳдиди хеш тафсир медодагӣ шуданд. Онҳо исломи асилро бо таассубу хурофот олуда сохтанд. Ин табиист, ки ба ақли кунҷков ва мантиқи дақиқи илмии донишмандони забардасти тоҷику форс мухолиф қарор мегирифт. Воқеан ҳам Қуръон мефармояд, ки ба касе бо ҷанг барнахезед. Одам накушед, ба ҷуз он, ки барои дифоъ аз молу ҷони худ маҷбур шуда бошед. Қуръон мефармояд, имони касеро ҳукм накунед. Қуръон мефармояд, дар ислом тафриқа наандозед, мусулмононро ба гурӯҳҳо ҷудо насозед. Аммо, ба истилоҳ, «пайравон»-и ислом чӣ кор карданд? Ва чӣ кор карда истодаанд? Истилои даҳҳо сарзаминҳо дар аҳди  аввали ислом, куштори оммавии одамон бо гумони «кофир будан», роҳандозии фирқаву мазҳабҳои мухталиф дар ислом ва аз пайи он душманиву ҷангҳои миёни сунниёну шиаён ва ғайра. Истилогариҳои Туркияи усмонӣ зери парчами ислом.

Имрӯз айнан ба ҳамин гуна ваҳшигариҳо «Давлати исломӣ» даст зад. Зиёда аз як ҳазорсола дар миён аст. Аммо афкору ақида, рафтор дар ҳамон ҳолати ибтидоии худ боқӣ мондааст. Таассубу хурофоти асримиёнагӣ кори худро мекунад.

Ба ин таассубу хурофот мо танҳо тавассути соҳибмаърифат гардондани шаҳрвандонамон пирӯз омада метавонем. Аз ҷумла маърифати зеҳнӣ. Шояд бештар маърифати зеҳнӣ. Донишҳои риёзӣ. Табиатшиносӣ, техникӣ. Дар ин роҳи на чандон осон ба мо рӯзгор ва кору пайкори гузаштагони бузургамон мояи ибрат буда метавонанд.

Источник: khovar.tj