«Донишҷӯи сол-2019». Ҳадафи озмун дарёфти илмомӯзи беҳтарин аст

0
170

«Донишҷӯи сол-2019». Ҳадафи озмун дарёфти илмомӯзи  беҳтарин аст

ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2019»-ро эълон менамояд. Тавре аз маркази матбуоти  Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз  баргузор намудани  озмуни  «Донишҷӯи сол-2019» — ин дарёфти донишҷӯи беҳтарин, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён  дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Озмуни  ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2019» дар 3 марҳила доир гардида, дар он донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии мамлакат метавонанд иштирок намоянд.

Озмуни мазкур моҳи декабри соли равон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Озмуни  ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол»  доир карда мешавад.

Источник: khovar.tj