Донишҷӯёни тоҷикро кӣ интиқол медиҳад?: Тоҷикистон, Русия ё Чин

0
226

Донишҷӯёни тоҷикро кӣ интиқол медиҳад?: Тоҷикистон, Русия ё Чин

Феълан масъалаи интиқоли 58 донишҷӯи тоҷик, ки дар шаҳри Ухан дармонданд, номаълум аст. Ҳарчанд мақомоти тоҷик мегӯянд, ки донишҷӯёни тоҷик имрӯз ё фардо аз Чин берун оварда мешаванд, вале дақиқан маълум нест, ки онҳоро ширкати ҳавонавардии кадом давлат интиқол медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Чанде қабл, вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни нишасти хабарӣ дар робита ба баргардондани донишҷӯёни тоҷик афзуд, ки “имрӯз ё фардо онҳоро вориди Тоҷикистон мекунанд”.

“Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ухани Чин – маркази сирояти бемори “вируси тоҷдор” қарор доранд ба 58 нафар мерасад ва оҳоро имрӯз то пагоҳ аз ин минтақа ба ватан хоҳанд овард”, – изҳор намудаст Олимзода.

Ба гуфтаи ӯ, феълан масъалаи овардани шаҳрвандони тоҷик аз Чин дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон низ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки омодагиҳо барои баргардондани донишҷӯёни тоҷик идома дорад ва интизор меравад, ки дар зудтарин фурсат онҳоро ба ватан интиқол медиҳанд.

Вале алъон маълум нест, ки 58 донишҷӯи тоҷикро аз шаҳри Ухани Чин кадом давлат интиқол медиҳад: Тоҷикистон, Русия ё Чин. Қобили зикр аст, ки баргардондани муҳассилини тоҷик тариқи ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” сурат намегирад. Зеро ширкати мазкур аз масоили берун овардани донишҷӯёни тоҷик изҳори бехабарӣ намуд.

Сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дақиқан ҳавопаймои ин ширкат, донишҷӯёни тоҷикро ба ватан интиқол намедиҳад.

Зимнан, чанде қабл, ҳукумати Русия дархости Тоҷикистон дар мавриди берун овардани шаҳрвандони тоҷик аз қаламрави Чинро пазируфт.

Ба иттилои “Коммерсант”, ҳукумати Русия ба мақомоти тоҷик ваъда додаст, ки пас аз ду ҳафта, аснои интиқоли шаҳрвандони рус аз Ухан, донишҷӯёни тоҷикро низ берун меоранд.

Пештар аз баргаштани бештар аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз Чин хабар дода шуда буд, ки бинобар дастури вазорати тандурустӣ 14 рӯз таҳти назорати табибон хоҳанд монд.

Источник: sputnik-tj.com