Донишҷӯёни тоҷикро аз Қирғизистон бармегардонанд ва дар ВМКБ ҷой медиҳанд

0
83

Донишҷӯёни тоҷикро аз Қирғизистон бармегардонанд ва дар ВМКБ ҷой медиҳанд

Тоҷикистон нақша дорад шаҳрвандонашро аз ҳудуди Қирғизистон берун орад ва онҳоро дар вилояти Бадахшон карантина кунад

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар ин бора дар ВМКБ дар рафти нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки дар робита бо паҳншавии коронавирус дар минтақа баргузор гардидааст.

Мақомоти тоҷик шаҳрвандонро аз ҳудуди Қирғизистон берун оварданианд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов гуфтааст, ки аз ҳудуди Қирғизистон сокинони Мурғоб ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Тавре раиси вилоят афзудааст, барои онҳо дар ҷамоати Қаракӯл минтақаи махсус барои карантин ташкил карда мешавад.

Ҳамагӣ аз ҳудуди Қирғизистон 286 шаҳрванди Тоҷикистон берун оварда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, Файзов гуфтааст, ки мақомот супориш гирифтанд, то дар маркази вилоят барои таъмини будубоши сокинон дар карантин майдони махсус ташкил мекунанд.

 

Источник: sputnik-tj.com