Донишҷӯёни дар карантин қарордошта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

0
135

Донишҷӯёни дар карантин қарордошта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи дирӯз 63 нафар шаҳрвандоне, ки дар  Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб дар ҳолати карантинӣ қарор доштанд, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Аз ин шумора 46 нафар донишҷӯён ва 17 нафар кормандони ширкати ҳавоии «Сомон Эйр» ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мебошанд, ки барои интиқол додани донишҷӯён ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар гардида буданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Донишҷӯёни дар карантин қарордошта ба хонаҳояшон рухсат дода шудандТавре муовини Сардухтури  Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ Турахон Шарифзода  иброз дошт, тӯли ин муддат нафарони дар карантин қарор дошта аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Инчунин пайваста ҳарорати онҳо санҷида мешуд.

«Дар миёни ин шахсон  ягон аломати бемории зукоммонанд ба қайд гирифта нашудааст. Баъд аз 14 рӯзи дар карантин қарор доштан онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд»,-гуфт духтури сироятшинос.

Ёдовар мешавем, ки 11 феврал 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд,  тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1 то 24 феврал 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии  Чин ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то  26 феврал 955  нафар аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, айни замон 193 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд.

Донишҷӯёни дар карантин қарордошта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

Источник: khovar.tj