ДОИР БА СИЛСИЛАФИЛМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ҚАЗОҚИСТОНИИ «ПАТРУЛ». Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ВКХ-и Қазоқистон ёддошт фиристод

0
125

ДОИР БА СИЛСИЛАФИЛМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ҚАЗОҚИСТОНИИ «ПАТРУЛ». Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ВКХ-и Қазоқистон ёддошт фиристод

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба интишори наворҳои видеоии силсилафилми телевизионии қазоқистонии «Патрул» дар шабакаҳои иҷтимоӣ 27 апрел Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ёддошт бо талаби аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додан ба фаъолияти маркази продюсерии «B.A.S production» ва фармоишгари он – ҶДММ «Канали телевизионии мустақил» (НТК), инчунин тафтиши сареҳи ин амалҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон бо дарназардошти мавҷуд будани ҳолатҳои туҳмат ва амалҳои барқасд баҳри барангехтани хусумати байни миллатҳо фиристода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ-и Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар на камтар аз ду қисмати силсилафилми «Патрул» дар шабакаи телевизионии НТК нақши сафири Тоҷикистон дар шакли хеле таҳқиромез нишон дода шудааст. Дар филм полиси Қазоқистон сафири Тоҷикистонро зада меафтонанд, мешинонанд ва маҷбур месозанд, ки утоқҳои кори онҳоро ранг кунанд ва мошини навбатдориро бишӯяд…

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин далел баҳои ҳуқуқӣ доданро талаб мекунад.

ДОИР БА СИЛСИЛАФИЛМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ҚАЗОҚИСТОНИИ «ПАТРУЛ». Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ВКХ-и Қазоқистон ёддошт фиристод

Источник: khovar.tj