ҶДММ «Сарманзил» биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоеви пойтахтро таъмир мекунад

0
99

ҶДММ «Сарманзил» биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоеви пойтахтро  таъмир мекунад

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади сазовор  истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва роҳбари ҶДММ «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт, масъулияти таъмири намои зоҳирии 10 бинои дуошёна, 1 бинои сеошёна, 3 бинои 9-ошёна ва бинои маъмурии Муассисаи истифодабарии манзилии №1-ро дар кӯчаи М.Назаршоев  ба ӯҳда гирифта, корро дар ин самт шуруъ намуд.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муассисаи истифодабарии манзилии №1 тибқи иттилои масъулин ба 15 ҳазор нафар хизмат мерасонад, аз ин рӯ ба нақша гирифта шуд, ки дар баробари таъмири пурраи Бинои маъмурии  муассиса ҳамзамон ашёҳои зарурии корӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва компютер харидорӣ шуда, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб осон карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи нақша-чорабиниҳои мавҷуда корҳои ободониву созандагӣ ва таъмирӣ тақвият ёфта, бо суръат пеш меравад. Таъмири бомпӯш ва намои берунаи биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоев низ яке аз бандҳои нақша-чорабинии таҳиягардида буда, бо иҷрои ин кор зебогии ин маҳал таъмин хоҳад шуд.

Аз ҷумла, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба рангу бори биноҳои баландошёна ва ба талаботи шаҳрсозии муосир мутобиқ намудани онҳо, таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад. Дар ин замина биноҳои баландошёнаи кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо гузашти солҳо таъмирталаб гардида, зарурати рангу бори онҳо ба миён омада буд.

Ҳамин тариқ дар доираи иқдоми пешгирифтаи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур, намои зоҳирии биноҳои 49, 118/1, 120, 124, 128, 132, 136/5, 138/1, 89, 7/91 бинои 9 ва инчунин дар гузаргоҳи 2-юми ҳамин кӯча хонаи рақами 3 ба таври замонавӣ таъмиру рангу бор мешаванд. Ҳамзамон тирезаи бархе аз биноҳое, ки фарсуда шудаанд, иваз хоҳад гашт.

Ҳамчунин Маҳмудҷон Муродов дар доираи тадбирҳои эҳсонкорӣ ҳамзамон 10 партовгоҳи замонавиро барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур  бунёд карда, мавриди истифода қарор медиҳад. Ин қабил иқдомҳои ватандӯстонаи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо, ки дар партави сиёсати созандаи шаҳрдорӣ сурат мегирад, метавон намунаи ибрат ба дигар вакилону соҳибкороне арзёбӣ кард, ки имкони  молии анҷоми чунин амалҳоро доро ҳастанд. Зеро ҳар кадом аз онҳо метавонанд бо таъмиру азнавсозии бинову иншооти ба таъмир эҳтиёҷдошта, саҳме дар ободии як гӯшаи пойтахти мамлакат гузошта бошанд.

ҶДММ «Сарманзил» биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоеви пойтахтро  таъмир мекунад ҶДММ «Сарманзил» биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоеви пойтахтро  таъмир мекунад

Источник: khovar.tj