ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва Ҷамшед Ҷураев ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гардиданд

0
278

ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва Ҷамшед Ҷураев ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гардиданд

ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  бинои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Равшан» (Зари Тоҷик) маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» баргузор гардид. Дар озмун раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, намояндагони шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оила ва аъзои комиссия иштирок намуданд.

Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоиши омоданамудаи ҳунармандон дидан намуданд. Аъзои  комиссияи озмун  сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари ороишӣ аз санг, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари ороишӣ аз санг, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба ороиши  сангро ба инобат гирифта, ба маҳсули дасти ҳунармандон баҳо гузоштанд.

Раиси  Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳад ҳунармандон ба сифати маҳсулоти худ диққати ҷиддӣ дода, маҳсулоти беҳтаринро пешниҳоди харидор ва ё сайёҳон гардонанд.  Имрӯз тарғибу ташвиқи ин гуна ҳунарҳо саривақтӣ  буда, метавон инҳоро  ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

«Фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархурдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ шудааст,  имкон медиҳад истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ,  аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёбад. Дар ин замина  ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта мешавад»,- гуфт Нуъмон Абдуғаффорзода.

Дар маросими ҷамъбасти  Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ  аз санг»  ҷойи якум ба ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва рассоми санъати ороишӣ Ҷамшед Ҷураев дода шуд.

Ҷойи дуюм насиби ҶДММ «Рухом» ва рассоми санъати ороишӣ Насим Негматов гардид. ҶСК «Равшан» (Зари тоҷик) ва ҶДММ «Асрори санг» ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни  мазкур бо  мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 роҳандозӣ шуд.  Мақсад  аз баргузории озмун  эҳёи рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани маснуот ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишии миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги  ин ҳунари қадимӣ, ба он ворид намудани  шаклу усулҳои муосир  ва тарбияи насли нави ҳунармандони соҳа мебошад.

Дар хатми маросим барои иштироки фаъолона дар Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ба ҳунармандон сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳӣ тақдим карда шуд.

ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва Ҷамшед Ҷураев ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гардиданд ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва Ҷамшед Ҷураев ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гардиданд ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва Ҷамшед Ҷураев ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гардиданд ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва Ҷамшед Ҷураев ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гардиданд ҶДММ «Карон гавҳарнигор» ва Ҷамшед Ҷураев ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гардиданд

Источник: khovar.tj