ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара дар як рӯз то 15 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба муассисаҳои гуногуни тиббии Тоҷикистон мерасонад

0
74

ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара дар як рӯз то 15 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба муассисаҳои гуногуни тиббии Тоҷикистон мерасонад

БОХТАР, 13.05.2020  /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара, ки 5 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд, дар ду баст то 15 ҳазор ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва 1000 тампон дар як рӯз истеҳсол мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

«Корхона аз 2 феврал ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо шурӯъ намуда, то имрӯз беш аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқобҳои тиббӣ ва 420 ҳазор шиша маҳлули антисептикӣ истеҳсол кардааст», — гуфт манбаъ.

Маҳсулоти корхона ҳамарӯза ба муассисаҳои тиббӣ,  дорухонаҳои мамлакат ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳвил карда мешавад.

ҶДММ «Фарм-Текс»  асосан маҳсулоти тиббӣ, косметикӣ ва гигиенаи шахсӣ истеҳсол намуда, дар як шабонарӯз 2 ҳазор кило пахтаро коркард мекунад.

Ба гуфти роҳбари ҶДММ «Ферм-Текс» Файзиддин Сайфуллоев, айни замон дар корхона 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ кор мекунанд.

«Таҷҳизоти навтарини истеҳсоли Германия ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти баландсифат истеҳсол намоем. Тибқи лоиҳа, дар оянда корхона ният дорад иқтидори истеҳсолии худро афзоиш диҳад»,- гуфт роҳбари корхона.

Источник: khovar.tj