Даъвати Ҳамроқулова барои кумак ба 4 ятим: модар дар Русия фавтиду падар дар Ватан монд

0
159

Даъвати Ҳамроқулова барои кумак ба 4 ятим: модар дар Русия фавтиду падар дар Ватан монд

Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳанги тоҷикон аз ҳамватанон хоҳиш кардааст, ба фарзандони як зани аз коронавирус фавтида кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Хуршеда Ҳамроқулова, дар саҳфаи навирштааст, дар шаҳри Химки Маскав, 4 май, модари чор фарзанд Нурматова Гулшан Расулқуловна аз бемории коронавирус фавтид.

Рӯзи гузашта 5 май ҷасади ӯро ҳамватанон дафн кардаанд.

Ба навиштаи Ҳамроқулова аз ин зан чор фарзанд: духтари калонӣ, нобино – Севара (13 сола), Шерзод (12 сола), Иброҳим (8 сола) ва кӯдаки навзод Муҳаммад Салоҳ, ки 21 апрели соли ҷорӣ таваллуд шудааст. ятим монданд

Номбурда гуфтааст, падари фарзандон Нурматов Дилшод Худойбердиевич дар Тоҷикистон буда бинобар сабаби баста будани роҳҳо омадан наметавонад.

“Падари хонадон тавонистааст, танҳо эътимоднома фиристад ва тибқи он се фарзанди ӯ ҳоло дар оилаи Янгилдина Танзила дар Химки қарор доранд ва тифли навзод Муҳаммад Салоҳ дар беморхонаи ноҳияи Сергей- Посади вилояти Маскав дар суроғаи деҳаи Скоропусковский, 97 зиндагӣ мекунанд.

Ӯ гуфтааст оилае, ки фарзандонро дар нигоҳубини гирифтааст, ба кумаки фаврии молиявӣ ниёз дорад.

Хонум Ҳамроқулова аз кулли ҳамватанони тавонманд хоҳиш кардааст, чи қадре метавонанд ба ин фарзандони ятим кумак кунанд, зеро имрӯз сарнавишт ва ҳаёти ин кӯдакон аз мову шумо низ вобаста аст.

Раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия гуфтааст ба корти бонкии “Сбербанк”2202 2007 4109 0110 ба номи Хуршеды Хамракуловой ҳамчунин бо рақамҳои  + 7926-522-55-95 ки ба корт пайваст аст, гузаронад.

Ӯ гуфтааст ҳисоботи ҳаррӯзари хайрияҳо дар Фейсбук ва саҳифаи Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Русия нашр хоҳад шуд.

Источник: sputnik-tj.com