Дастури Раҳмон ба раисони вилояту навоҳӣ барои пурзӯр кардани мубориза алайҳи COVID-19

0
191

 Дастури Раҳмон ба раисони вилояту навоҳӣ барои пурзӯр кардани мубориза алайҳи COVID-19

Корҳои пешгирӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ яке аз тадбирҳое мебошад, ки имрӯз барои ҳар як шаҳрванд аз ҳарвақта дида заруртар аст.

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз бо раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин раисони шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакиро доир ба иҷрои Амру Фармонҳои Президент ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории короновирус – COVID – 19  суҳбати телефонӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тақвияти тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19, ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ пешниҳодгардида, манъи чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодам, безараргардонии муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дуконҳо ва гулгашту хиёбонҳо, дастуру супоришҳои мушаххас додаст.

Президент ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки бо мардум алоқаи зич дошта бошанд, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳаллу фасл намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин  супориш додааст, ки барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал, тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

“Мардум бояд ба зиндагии рӯзмарра ва осоишта идома дода, ба реҷаи кории ҳаррӯза ва ҳаёти осоишта дар доираи тадбирҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ идома диҳанд” , – таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Источник: sputnik-tj.com