ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ оид ба теннис ворид гардид

0
169

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ оид ба теннис ворид гардид

ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар шаҳри Лондон тибқи қарори Федератсияи байналмилалии теннис Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ оид ба теннис ворид карда шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Салимзода Каримҷон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, соли 2020 дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  намояндагони беш аз 30 давлати дунё иштирок менамоянд. Ба рӯйхати мусобиқаҳои байналмилалӣ ворид намудани мусобиқаи мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист варзиши тоҷикро ба ҷаҳониён муарррифӣ намуда, барои варзишгарони тоҷик шароити созгор ва инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварад.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз 19 марти соли 2005  инҷониб ҳамасола 23 — 27 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Мақсад  аз баргузории мусобиқаи мазкур- рушд додани ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни миллатҳою варзишгарон  мебошад.

Источник: khovar.tj