Дастовардҳои илмии олимони тоҷик дар мубориза бо COVID-19

0
92

Дастовардҳои илмии олимони тоҷик  дар мубориза бо COVID-19

 ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба коркарди илмии олимони тоҷик дар мубориза бо COVID-19  ҳамоиши корӣ баргузор шуд. Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, олимон, масъулини вазорату идораҳо ва дорусозону дорушиносон иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонии пандемия ва бемориҳои сироятӣ чун маҳлули гипохлориди натрийи тиббӣ, оби нуқра, дастгоҳи нафаскашии сунъии ёрирасон ва ғайра аз зумраи иқдомҳоест, ки олимони тоҷик онро дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ намуданд.

Ба зикри Фарҳод Раҳимӣ дар ҷумҳурӣ давоми як шабонарӯз ҳадди ақал 10 тонна маҳлули гипохлориди натрий истеҳсол мегардад.

«Дастгоҳи нафаскашии сунъиро низ бо татбиқи дизайн ва каме ороишҳои зоҳирӣ  мо метавонем содир кунем. Ҳоло аз 5 ҳазор  растаниҳои шифобахш танҳо 132 адади он хусусияти фармокологӣ дошта, имкон аст, ки  аз онҳо маводи доруворӣ омода гардад. Бо дарназардошти мавриди коркарди истеҳсолӣ қарор гирифтани растаниҳои шифобахш пешниҳод карда мешавад, ки саноати дорусозӣ дар мамлакат роҳандозӣ карда шавад. Зеро коркарди растаниҳои шифобахш ва пайдо кардани саноати дорусозӣ имкон медиҳад, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ  тараққӣ намояд», гуфт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ҳамчунин дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ба боздид ниёз дорад. Аз ҷумла, дар мактабҳои мамлакат ҷорӣ намудани фанни «Тарзи ҳаёти солим» ба манфиат мебошад.

Дастовардҳои илмии олимони тоҷик  дар мубориза бо COVID-19 Дастовардҳои илмии олимони тоҷик  дар мубориза бо COVID-19

Источник: khovar.tj