Дастгир шудани сокини шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон

0
110

Дастгир шудани сокини шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 67-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Номбурда, соли 2017  ширкати ҶДММ «Имкон-2015»-ро  ташкил намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-сола, сокини кӯчаи Каҳҳорови пойтахт даромадааст. Ва номбурдаро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурда, ба муддати зиёда аз шаш моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ, яъне ҳуқуқҳояшро пурра маҳдуд карда, бе музди маош ва соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд.

Нисбат ба гумонбаршуда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.

Источник: khovar.tj