Дастаи занони волейболбози Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ соҳиби Ҷоми раиси вилоят гардид

0
58

Дастаи занони волейболбози Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ соҳиби Ҷоми раиси вилоят гардид

ХОРУҒ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як ҳафта дастаҳои мунтахаби занони волейболбози муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангию низомӣ дар толори Қасри варзиши шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барои ба даст овардани Ҷоми Раиси вилоят бо ҳам рақобат намуданд.

Тавре сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, “таваҷҷуҳи занону духтарони бадахшонӣ  ба бозии волейбол зиёд аст ва ҳамасола онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ин рӯ мо бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор додем, ки дар арафаи Рӯзи Модар  байни дастаҳои занони волейболбоз мусобиқа баргузор намоем”.

Дар мусобиқа 8 даста ширкат доштанд ва дастаи мунтахаби Мактаби  Президентии шаҳри Хоруғ ҳамаи дастаҳоро шикаст дода, соҳиби ҷои аввал гардид. Дастаи комиссариати ҳарбии вилоят  ҷои дуюм ва дастаи Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Сармураббии дастаи занони волейболбози вилоят Раҳмат Алифшоев гуфт, ки  чунин мусобиқаҳо  барои  боз ҳам таҳким ёфтани дастаи мунтахаби вилоят аз намуди волейбол кумаки калон  мерасонанд ва дар оянда бозингарони навро ба майдон меоранд.

Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми раиси вилоят, медалу ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Источник: khovar.tj