Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ғолиби ду бозии дӯстона гардид

0
160

Дастаи  мунтахаби футзали  Тоҷикистон ғолиби  ду бозии дӯстона гардид

ДУШАНБЕ, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Футзалбозони тоҷик дар шаҳри Даммом ба муқобили дастаҳои мунтахаби футзали Арабистони Саудӣ ва Кувайт ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳар ду ғалаба карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон силсилаи бозиҳои рафиқонаашро дар моҳи феврал ба анҷом расонид, ки барои шогирдони мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 дар Ашқобод маҳсуб мешавад.

Бозӣ бо дастаи мунтахаби  Арабистони Саудӣ 12 феврал баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ҳомидов ва Иқбол Воситзода ба ҳадаф расониданд.

13 феврали соли равон дар бозии дигари дӯстона футзалбозони тоҷик ба муқобили дастаи  мунтахаби Кувайт ба майдон баромада, бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардиданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Баҳодур Хоҷаев, Умед Кузиев ва Собирҷон Гулаков ба дарвоза ворид карданд. Як голи дигарро кувайтиҳо ба дарвозаи худашон заданд.

Акнун дастаи мунтахаби  футзали Тоҷикистон  ба шаҳри Душанбе баргашта, омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки  футзалбозони  тоҷик  дар Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир мегардад, дар гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо дастаҳои  мунтахаби  Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунанд.

 

Источник: khovar.tj