Дастаи «Хатлон» чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон гардид

0
139

Дастаи «Хатлон» чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон гардид

ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ҷараёни чемпионати имсола маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дода, бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт.

Дар ин рӯз ба футболбоздухтарони даста медалҳои тилло ва Ҷоми чемпионат тақдим гардид.

Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими имсола дастаҳои «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи имсола дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи «Хатлон», нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон», бозингари беҳтарин Некубахт Худододова аз дастаи «Зебоннисо» ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи «Хатлон» дониста шуданд.

Аз тарафи Ташкилоти қарзии «Фурӯз» ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар чемпионати имсола 10 даста иштирок намуд, ки 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекарданд. Инҳо дастаҳои «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Барқ»-и шаҳри Норак, «Ситора»-и ноҳияи Фархор, «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ, «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав мебошанд.

Дар маросими ҷоисасупорӣ роҳбари шуъбаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллозода ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов иштирок доштанд.

Источник: khovar.tj