Даргузашти шоири тоҷик Муҳаммадалии Аҷамӣ

0
133

Даргузашти шоири тоҷик Муҳаммадалии Аҷамӣ

Муҳаммадалии Аҷамӣ шоири машҳури тоҷик дар шаҳри Душанбе дар синни 66-солагӣ аз олами фонӣ чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Муҳаммадалии Аҷамӣ шоири машҳури тоҷик, рӯзи 4 май дар шаҳри Душанбе дар синни 66 солагӣ аз олам даргузашт.

Муҳаммадалии Аҷамӣ 21 январи соли 1954 дар рустои Ғайрати ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст.

Соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Вахш”, корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.

Чанде дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зисту фаъолият доштааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Кокули борон» (1984), «Ватан» (1985), «Сари об» (1988), «Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам» (2012) буда, се дафтари шеъраш – «Андӯҳи сабз», «Биҳишти Одаму гандум» ва «Атри шабҳои Хуросон» дар Эрон (Теҳрон) ба табъ расидаанд.

Навиштаҳои ӯ дар соҳаи нақди адабӣ дар қолаби мақолаву рисолаҳои «Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ», «Ҳар ки ин оташ надорад…», «Бедил ва каломи Ҳофиз…», «Хиттаи муъаттари шеър», «Ҳақ бо сукут буд», «Марде аз ҷинси ғазал», «Сарвҳои баланди андеша», «Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир», «Гулдони ҳафтранг», «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Шеър чист?!» ва ғ. интишор ёфтаанд.

Источник: sputnik-tj.com