Дарёфти ҷасади марди 42 – сола пас аз 9 рӯзи бедаракшавӣ дар Варзоб

0
102

Дарёфти ҷасади марди 42 - сола пас аз 9 рӯзи бедаракшавӣ дар Варзоб

Ҷасади сокини 42 – солаи шаҳри Душанбе, ки давоми 9 – рӯз бедарак гашта буд, аз рӯди Варзоб ёфт шуд

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади сокини 42 – солаи пойтахт хабар медиҳад, ки аз рӯди Варзоб дарёфт гардид.

Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, номбурда рӯзи 20 – уми феврал аз хона баромада, бедарак гашт.

Гуфта мешавад, хешу пайвандони ӯ беш аз як ҳафта аз пайи ҷустуҷӯи ӯ буданд ва талоши онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.

Хабари дарёфти ҷасадро навбатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шўъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе расонд, ки  дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии “Фишорӣ” – и маҳаллаи Заргар дар дохили канали дереватсионии Варзоб, як ҷасад намудор шудааст.

“Зимнан, соати 10:03 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим карданд”, – гуфта мешавад дар хабар. 

Маълум гардид, ки марҳум истиқоматкунандаи кўчаи Н.Додхудоев   буда, 42 – сол доштааст. Пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ 20-уми феврали соли равон аз хона баромадаву то кунун барнагашта буд. 

Дар айни замон маълум нест, ки ӯ даст ба худкушӣ задааст ва ё бар асари ҳодисаи дигар дар об ғарқ шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Источник: sputnik-tj.com