ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Муъминобод дарахтони нодиру сояафкан шинонда шуданд

0
57

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Муъминобод дарахтони нодиру сояафкан шинонда шуданд

ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ -фароғатии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон миқдори зиёди дарахтони нодиру сояафкан шинонида шуданд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Мавсуф  зикр намуд, ки моҳи сентябр зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод барои бунёди боғи мазкур санги асос гузошта шуд.  Масоҳати боғ 7 гектарро ташкил намуда, бо иншооти фарҳангӣ — фароғатӣ дар маркази ноҳияи Муъминобод бунёд гардида истодааст.

Боғи мазкур то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дар он бунёди воситаҳои дилхушӣ  барои кӯдакон, амфитеатр, майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Источник: khovar.tj