Дар Ӯзбекистон теъдоди шифоёфтагон аз коронавирус ба 859 нафар расид

0
79

Дар Ӯзбекистон теъдоди шифоёфтагон аз коронавирус ба 859 нафар расид

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон шумораи  шахсоне, ки аз коронавирус  шифо ёфтаанд, ба 859  нафар расид, хабар медиҳад  АИ «Кабар» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Дар клиникаи  бисёрсамтаи Академияи тиббии Тошканд дар пойтахт  боз 14 нафар ва дар беморхонаи Пажӯҳишгоҳи илмии эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ  2 нафари дигар  шифо ёфтаанд.  Баъдан онҳоро  ба Маркази махсусгардонидашудаи  илмӣ-амалии   ҷумҳуриявӣ  оид  ба бемориҳои дарунӣ ва  барқарорсозии  тиббӣ гузарониданд.

Дар шифохонаи вилоятии бемориҳои сироятии  Хоразм низ 33 нафар  шифо ёфтаанд.

То ба имрӯз шумораи  ҳолатҳои сирояти коронавирус дар кишвари номбурда 1887 нафарро ташкил дода, 859 нафар шифо ёфтаанд ва  8 нафар фавтидаанд.

 

АКС аз АИ «Кабар»

Источник: khovar.tj